02:53 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ҳаҷ. Акс аз бойгонӣ

Ғайр аз ҳоҷиён: Арабистони Саудӣ ва АМА қатариёнро аз давлаташон ронданд

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
31311

Аморати Муттаҳидаи Араб ба дипломатҳои қатарӣ 48 соат ва шаҳрвандони ин кишвар 14 рӯз мӯҳлат додааст, то хоки ин кишварро тарк кунанд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Арабистони Саудӣ низ ин иқдоми Аморати муттаҳидаи Арабро пайгирӣ карда, ғайр аз ҳоҷиён дигар шаҳрвандони Қатарро аз давлаташ пеш кард.

Мамолики араб Қатарро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундрави "Ал — қоида" ва "Давлати исломӣ" айбдор кардааст.

Бино ба иттилоъи шабакаи Ал — Арабия иттиҳоди кишварҳои араб бо сарварии АМА ширкати Қатарро дар амалиёти Яман манъ карданд.

АМА эълом кардааст, ки дар давоми 24 соат алоқаи заминӣ ва обиро бо Қатар қатъ мекунад.

Субҳи рӯзи душанбе Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Иморати Муттаҳидаи Араб ва Миср дар бораи қатъи робитаҳои сиёсӣ бо Қатар эълом карданд. Ҳамчунин Аморати муттаҳидаи Араб дипломатҳои қатариро 48 соат ва мардуми ин кишварро 14 рӯз барои тарки хоки ин давлат мӯҳлат додааст.

Дар ин росто АМА ба мардуми худ низ сафар ба Қатарро манъ кард.

Cабаби қатъ кардани равобити сиёсиро Аморати Муттаҳидаи Араб иҷро нашудани қарордод ва пуштибонии Қатар аз гурӯҳҳои тундрав бо сарварии дастаи "Бародарони мусулмон" гуфтааст.

Арабистони Саудӣ ғайр аз ҳоҷиён дигар ҳамаи шаҳрвандони Қатарро аз давлаташ ронд, хабар медиҳад оҷонсии СПА.

Чанд рӯз қабл, нишонаҳое барои таниш байни кишварҳои арабӣ ва Қатар дар пайи як изҳороти Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба назар мерасид. Қатар рӯзи 24 май эълон кард, ки хабаргузории давлатии ин кишвар ҳакк шуда ва изҳороте ба нақл аз Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар интиқод аз Амрико ва дар ситоиш аз Эрон, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ҳамос" ва "Ихвон-ул-муслмин", дар ин хабаргузорӣ мунташир шудааст.

Гуфта шуд, ки амири Қатар дар як маросими, ин изҳоротро баён кардааст. Ҳукумати Қатар гуфта буд, ки ин изҳорот сохта аст ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ чунин суханонеро нагуфтааст.

Аммо расонаҳои Арабистони Саудӣ ва Иморати Муттаҳидаи Араб изҳороти Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро мунташир карданд.

Мавзуъ

Дар Қандаҳор панҷ дипломати Аморати Муттаҳидаи Араб ҳалок шуд
Барчаспҳо:
қатъи равобити дипломатӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар

Мавзӯъҳои асосӣ