18:16 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2301

Ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Покистон раисҷумҳурҳои ду кишвар ҳамдигарро муборакбод гуфтанд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусайн барқияи табрикотӣ ирсол кард. Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, омадааст:

"Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам, ки Шуморо ба ифтихори 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сидқан табрику таҳният гӯям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба таври назаррас густариш ёфта, сатҳ ва мазмуни тозаро касб кардаанд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду ҷониб муносибатҳои шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бо суръати бештар рушду тавсеаи пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин равобит саъйу кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТ

Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ва амну субот ба мардуми дӯсти Покистон, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам".

Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури Покистон низ ба кишвардори Тоҷикистон бар ин муносибат барқияи табрикотӣ ирсол карда, иброз доштааст, ки ҳар ду кишварро муносибатҳои таърихиву диниву фарҳангӣ мепайванданд.

Барчаспҳо:
барқияи табрикотӣ, муносибатҳои дипломатӣ, Мамнун Ҳусайн, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ