02:58 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кишвардори тозаинтихоби Ҳиндустон Рам Натх Ковинд номаи шодбошӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дирӯз 22 июл кишвардори Тоҷикистон, раисҷумҳури нави Ҳиндустонро ба муносибати ба симати президентӣ интихобшуданаш табрик гуфтааст.

Дар номаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Олӣ, дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии раиси ҷумҳури Ҳиндустон ба шумо табрикоту таманниёти самимии хешро иброз менамоям.

Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ — ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар — то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода  талошҳои зарурӣ варзад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав ба нав дар масири иҷрои рисолати хеш ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам".

Ёдовар мешавем, ки худи ҳамин рӯз, раисҷумҳури Тоҷикистон бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд сӯҳбати карда ӯро  ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Мавзуъ

Лавров: Ҳиндустон ва Покистон бояд то моҳи июн аъзои СҲШ шаванд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон парвоз кард
Сафари шашуми Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон
Изҳори таслияти Раҳмон ба нахуствазири Ҳиндустон
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ