07:14 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Дидори ғайрирасмӣ: Раҳмон вазифаҳои ИДМ-ро дар соли 2018 муайян кард

© Фото : Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
30520

Рӯзи 26 декабр Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви ИДМ бо сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафта буд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро баррасӣ караанд.

Кишвардорони ИДМ доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима кардаанд.

Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон тамоюлҳои нигаронкунандаи соли 2017-ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ — ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намудааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибдори тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ мебошад.

Бо ишора ба вазифаҳои дарпешистодаи ИДМ раисҷумҳури Тоҷикистон муқаррароти асосии Консепсияи дар соли 2018 дар он раисӣ намудани Тоҷикистонро шарҳ додааст.

"Масъалаҳои вобаста ба таъмини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чорчӯби Иттиҳод ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикистон дар ИДМ муайян карда шуданд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар соли оянда рушди ҳамкориҳо дар чорчӯби Иттиҳод идомаи созанда хоҳад ёфт ва ба ҳамтоёни худ дар соли нав саодату рифоҳ ва комёбиҳои навин дар татбиқи нақшаҳои муайянкардаашон орзу намудааст.

Пас аз иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргаштааст.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Барчаспҳо:
ғайрирасмӣ, дидор, мулоқот, ИДМ, Эмомалӣ Раҳмон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ