21:53 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Имзои ҳуҷҷатҳо

Раисҷумҳур сухангӯяшро муовини аввали раҳбари Дастгоҳ таъйин кард

CC0 / Pixabay
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
421 0 0

Досали Эсеналиев то ин дам сухангӯи раисҷумҳур ва мудири "Қирғизпатент" буд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Досали Эсеналиев муовини аввали раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур таъйин шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии кишвардор.

Қарор дар бораи таъйиноти муовини навро раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имзо кардааст.

Пештар Досали Эсеналиев дар вазифаҳои сухангӯи раисҷумҳур ва мудири "Қирғизпатент" фаъолият кардааст.

Курсии муовини аввали раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур пас аз таъйиноти Муҳаммадкалий Абулғозиев ба вазифаи раҳбари ин ниҳод, холӣ монда буд. Чанде пеш Абулғозиев сарвазири Қирғизистон таъйин шуд.

Дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон ҳоло бе роҳбар аст.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, ки Индира Ҷолдубоева-додситони кулли Қирғизистон аз мансабаш сабукдӯш шавад.

Ёдрас мешавем, дар соли равон маротибаи чандум мешавад, ки Сооронбой Жээнбеков роҳбарони ниҳодҳои қудратии кишварашро сабукдӯш мекунад.

Пештар вай раиси Кумитаи давлати амнияти милли Қирғизистон ва муовинашро сабукдӯш карда буд. Афзун бар ин, мансабдлорони мазкурро худи Ҷээнбеков таъин карда буд.

Барчаспҳо:
таъйинот, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ