15:50 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раҳмон шумораи миллиардҳои додаи Чин, сирри рушд ва интизориҳо аз сафар ба Пекинро гуфт

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
252401

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо се расонаи маъруфи чинӣ аз ҳаҷми сармоягузориҳо, теъдоди корхонаҳои муштарак, сирри рушди босуръати Чин ва интизориҳояш аз сафар ба Пекин гуфтааст

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Чин тайи 70 соли охир санҷишҳои зиёде паси сар карду ба масири рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ баромад.

Ӯ изҳор доштааст, ки ҳар бори сафараш ба Чин аз дастовардҳои ин мардум дар бахши ислоҳоти иҷтимою иқтисодӣ ва муосирсозӣ ба ваҷд меояд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рушди миёнаи 9,5 дарсадии Чинро тайи 10 соли охир зикр карда, таъкид намудааст, ки бидуни шак ин ҳама дастовардҳо натиҷаи меҳнати "титанӣ"-и тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки Чин феълан шарики калидии иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Визит президента Таджикистана в Китай
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

“То имрӯз ҳаҷми маблағгузории Чин дар иқтисодиёти кишвари мо зиёда аз 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад. Феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 350 ширкат бо саҳми Чин фаъолият доранд”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ зикр намудааст, ки соли гузашта ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишвар 10 дарсад боло рафтааст, ки ин ба гуфтааш қаноатбахш нест.

“Мо бояд ҳар имконро барои густариши додугирифти мол истифода барем”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намудааст, ки солҳои охир соҳибкорони зиёди тоҷикистонӣ талоши баромадан ба бозори Чинро доранд.

Дар мавриди сафари қарибулвуқуяш ба Чин, барои иштирок дар ҳамоиши “Як камарбанд – як роҳ”, ҳафтаи равон дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки онро яке аз чорабиниҳои муҳими сол медонад ва натиҷаҳои муҳимро интизор аст. Ӯ омодагиро барои густариши ҳамкориҳо баён дошта, таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дорои сармояи бузурги инсонӣ, аҳолии ҷавону афзоянда, захираҳои обу энержӣ, куҳкорӣ, манзараҳои зебо, мавқеъи мусоиди ҷуғрофӣ буда, ба бозорҳо наздик мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши қарибулвуқӯи сарони давлатҳоро дар Пекин майдони муҳим барои баррасии густариши муносибот ва рушд хонд.

Мавзӯъҳои асосӣ