13:30 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Встреча Министра иностранных дел Республики Таджикистан с Министром иностранных дел Исламской Республики Иран

Дар Теҳрон мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷавод Зариф анҷом ёфт

© Фото : Информационная служба МИД РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
235 0 0

Имрӯз Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Эрон бо ҳамтои эрониаш Ҷавод Зариф мулоқот анҷом дод

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Манбаъ хабар додааст, ки Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор дар бораи робитаҳои дуҷониба ва таҳавулоти байналмиллалӣ табодули назар карданд.

Инчуин тарафҳо дар рафти мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла равобити тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҳамин ҳол бино бар иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Ризо Ардагониён вазири нерӯи Эрон низ гуфтугӯ кард.

Робитаҳои Теҳрон- Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо барасмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шудааст.

 

Барчаспҳо:
Теҳрон, вазирони хориҷӣ, мулоқот, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ