03:27 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Президент Украины Владимир Зеленский во время брифинга в Киеве

Зеленский шарти асосии баргаштани Русия ба ҳафтгонаи бузургро пешниҳод кард

© Sputnik / Стрингер
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
487 0 0

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский изҳор намудааст, ки Русия дигарбора метавонад ба узвияти G7 шомил шавад, ба шарте, ки Қримро ба Украина баргардонад ва низоъро дар Донбас хотима диҳад

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар ин бора дар сафҳаи Фейсбукии худ ишора намудаст.

Зеленский қайд намудаст, ки бозгашти Русия ба узвияти ин гурӯҳ танҳо дар сурати бозпас додани Қрим ва хотима бахшидан ба низоъ дар Донбас имконпазир аст.

Зимнан раисҷумҳури Украина пешниҳод намудааст, ки ба ҷузъ ин ду шарт, Русия бояд шаҳрвандони украинӣ, ки дар маҳбас ва боздоштгоҳҳои он кишвар қарор доранд, раҳо намояд.

Ҷузъиёти сӯҳбати телефонии Путин ва Зеленский маълум шуд

Ба гуфтаи ӯ, иҷрои ҳамин шартҳо аз абарқудрат будани Русия хабар хоҳад дод ва ҳушдори ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, дубора Русияро ба мавқеи пешинаи дипломатии худ бармегардонад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, пешниҳоди президенти Фаронса Эммануэля Макрона бобати даъват намудани Русия ба нишасти G7  дар соли 2020, ки дар Амрико баргузор мешавад, пазируфт.

Барчаспҳо:
G7, Русия, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ