16:21 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мақомоти маҳаллии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ, акс аз бойгонӣ

Посухҳои раиси ВМКБ ба сафир: роҳи пешгирии таъсири бади Афғонистон то мушкили соҳибкорон

© Sputnik / Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
12210

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо Метю Лоусон, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла маориф, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ВМКБ, Лоусон нахуст табиати зебои Бадахшонро илҳомбахш хонда, аз таъсири сарҳади тӯлоние, ки ВМКБ бо давлати Афғонистон дорад, суол кардааст.

Файзов посух додааст, ки Ҳукумати мамлакат имрӯз кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст, ки сарҳад байни Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Афғонистон ором бошаду таъсирҳои бад, аз қабили гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, маводи мухаддир,  яроқ ва идеологияи зишт ба Тоҷикистон нагузарад.

Раиси ВМКБ, роҳи ҷилавгирӣ аз ин таъсирҳои бадро рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон хондааст.

“Бозорҳои наздисарҳадӣ ва пулҳо бояд фаъол бошанд. Рафту омади қонунии шаҳрвандон бояд таъмин карда шавад ва маскунони ҳарду соҳил бояд бо ҳам муомилаи нек ва ҳамсоягии хуб дошта бошанд”, - зарур хонд Файзов.

Ба суоли сафир дар бораи рушди бахши хусусӣ, Файзов гуфтааст, ки Ҳукумат ин бахшро омили асосии ташкили ҷойи кор ва даромад ҳисоб мекунад ва мушкилоти ин соҳаро ном бурдааст.

“Мушкилоти рушди сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят ин асосан бозори маҳдуд, қобилияти пасти харидории аҳолӣ, қарзҳо бо фоизи баланд, нарасидани технологияи муосир ва донишу малака мебошад”, - иттилоъ дод раиси ВМКБ.

Сафири Британияи Кабир қайд намудаст, ки  Ҳукумати Британияи Кабир тавассути барномаи DFID ташкили як қатор барномаҳоро барои беҳбудии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дорад ва як барнома дар шаҳри Хоруғ амалӣ хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, ВМКБ, Тоҷикистон-Британияи Кабир, мулоқот, Хоруғ

Мавзӯъҳои асосӣ