01:51 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Министр образования Таджикистан Нуриддин Саидов, архивное фото

Нуриддин Саид пеш аз интихобот ба вилояти Суғд рафт

© Sputnik / Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
896 0 0

Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯён дидору мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти васеъ баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши мақомоти ҳокимияти вилояти Суғд, дар чорабинӣ вазири маориф Нуриддин Саид, мудири шуъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонзода,​ коршиноси Комиссияи марказии интихоботӣ Абдуллоҷон Нурмуҳаммедов, сардори раёсати адлия дар вилояти Суғд Мамлакат Раҳматзода, ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода ва намояндаи​ раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Шаҳбоз Ахмедов маърӯза намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин мулоқот бо мақсади баланд бардоштани руҳияи худогоҳию худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ баргузор шудааст.

Масъулини баландпоя перомуни мавзӯъҳои интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он, илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон – омили ҳифзи суботи ҷомеа ҳарф задаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон рӯзи интихоботро дақиқ кард

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 декабр бо имзои як фармон санаи баргузории интихоботи вакилон ва аъзои Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистонро таъин кард.

Тибқи фармони Президент нтихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон сохтори Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро тасвиб кард.

Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадди ниҳоии кормандони дастгоҳи КМИР бидуни ҳайати хизматрасон 14 нафар муайян карда шудааст.

Инчунин барои дастгоҳи КМИР ду мошини хидматӣ ҷудо шуда, таъкид гардидааст, маблағгузории кори дастгоҳ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, 7 нафарро ба раёсат ва узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд ва парлумон номзадияшонро қабул кард.

Аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъини дубораи Худоёрзода Бахтиёр Таварро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, таъини Абдуҷаббор Қодирзода ба мақоми муовини раиси КМИР ва 5 узви комиссия - Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода,  Азизова Муистон Бердиевна, Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбековичро ба тасвиб расонд.

Барчаспҳо:
ҷаласа, Суғд, Нуриддин Саид

Мавзӯъҳои асосӣ