06:02 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
452 0 0

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputniк. Дар Конференсияи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак номзадиисардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 пешбарӣ шуд.

Дар кори Конференсия узви КИМ ҲХДТ  Нуриддин Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмуҳаммад Каримзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри НоракҚумринисо Гулмуродзода   ширкат намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкор Сурайё Ӯроқова
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар конференсия масъалаи  пешбарии  номзад  ба  вакилии  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ҳавзаи    интихоботии якмандатаи  Данғара №36  баррасӣ  гардид.

Баъд аз овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода бо гирифтани 168 овоз аз шумораи умумии 170 вакили конференсия  номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 пешбарӣ гардид.

Дар бораи Лутфия Абдулхолиқзода чӣ медонем?

Лутфия Абдулхолиқзода зодаи ноҳия Данғара буда, 5 декабри соли 1971 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Соли 1993 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айниробо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиётхатм намудааст.

Дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият намуда, солҳои 2015-2019 вазифаи ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар  уҳда дошт.

Аз январи соли 2019  ба ҳайси сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
Барчаспҳо:
Данғара, пешбарӣ, Парлумон

Мавзӯъҳои асосӣ