22:42 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
250 0 0

Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон натиҷаҳои интихоботи президентии ин кишварро, ки моҳи сентябри соли 2019 баргузор шуда буд, бо гузашти 5 моҳ эълон кард

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Натиҷаҳое, ки аз сӯи Ҳаво Алам Нуристонӣ, раиси марказии интихоботи Афғонистон эълон шуданд, нишон медиҳанд, ки аксарияти оро 923,592 раъй ё 50.64% - ро президенти феълӣ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва рақиби аслии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ 720,841 ё 39.52% раъйро ба даст оварда, бақия аз ҳадди 75 ҳазор раъй поён гирифтаанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғаниро напазируфт - видео

1. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ 923,592 50.64%

2. Абдуллоҳ Абдуллоҳ 720,841 39.52

3. Гулбиддин Ҳикматёр 70,245 3.85

4. Раҳматуллоҳ Набил 33,919 1.86

5. Фаромарз Таманно 18,063 0.99

6. Саид Нуруллоҳ Ҷалилӣ 15,519 0.85

7. Абдулатиф Пидром 12,608 0.69

8. Иноятуллоҳ Ҳафиз 11,375 0.62

9. Ҳаким Турсан 6,500 0.36

10. Аҳмад Валӣ Масъуд 3,942 0.22

11. Шаҳоб Ҳакимӣ 3,318 0.18

12. Ғулом Форуқ Наҷробӣ 1,608 0.09

13. Нурраҳмон Левол 855 0.05

Оғози гирдиҳамоии мардумӣ дар Афғонистон ба ҳимоят аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон, дар интихоботи президентӣ аз 9 миллиону 700 ҳазор фарди воҷиди раъй дар ин кишвар 1 миллиону 819 ҳазору 085 нафар ширкат кардаанд, ки ҳудуди 18,5% аз шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
раъй, интихобот, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ