20:59 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
560 0 0

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти парлумони кишвар тайи панҷ соли гузашта, чи аз нигоҳи қонунгузорӣ, чи намояндагӣ ва чи муносибатҳои байнипарламентӣ  ба талаботи парламенти касбӣ комилан ҷавобгӯ буд

ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии парлумони кишвар, Шукурҷон Зуҳуров ин нуктаро имрӯз зимни ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум гуфтааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси намояндагон аз се қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”,қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ёдовар шудааст, ки ба гуфти ӯ дар афкори ҷамъиятӣ таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд оварданд.

Ӯ гуфтааст, қонунҳои мазкур бо арзише, ки имрӯзҳо дар рӯзгори мардумамон касб намудаанд, шубҳае нест ба китобҳои таърихи мактабиёну донишҷӯён ворид мешаванд.

“Мутаассифона, на ҳамаи он корҳоеро, ки дар нақша доштему барои анҷом доданашон дар давоми даъвати панҷум талош кардем, ба сомон расонда тавонистем. Баъзан фурсат даст надод. Баъзан сабабҳои дигар ҳам буданд. Вале умедворем, ки ҷавҳари касбият дар Маҷлиси намояндагон боқҷ мемонад, тақвият меёбад. Ва ин ҷавҳар дар даъвати оянда давомат ва масъулиятро ҷиҳати анҷом бахшидани корҳои анҷом наёфта ва корҳои нави дигар таъмин хоҳад намуд”,-афзудааст Шукурҷон Зуҳуров.

Маҷлис созишномаи Тоҷикистону Русияро ба тасвиб расониду Зуҳуров нигарон шуд: кадр нест

Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, дар давраи ҳисоботӣ дар 179 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон 2514 қарор қабул карда шуд. Дар 129 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бошад, 795 санад, аз ҷумла 497 қонун,ба тасвиб расидааст.

Номбурда гуфтааст, бовар дорад, натиҷаҳои даъвати панҷум дар ояндаи наздик ва ҳамчунин дур мавриди пажӯҳиши амиқ ва ҳаматарафаи олимону сиёсатмадорон ва коршиносону рӯзноманигорони соҳа қарор хоҳанд гирифт.

Барчаспҳо:
Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ