22:01 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Аҳтам Абдуллозода

Суди ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ду маротиба афзоиш ёфтааст

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Суди бахши ҷаҳонградии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди ду маротиба афзоиш ёфтааст ва раҳбари Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ ин амрро ба афзоиши сармоягузории ҳукумат ба ин арса марбут медонад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Теъдоди ҷаҳонградони хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст — дар шаш моҳ аз кишвар бештар аз 147 ҳазор нафар атбоъи хориҷӣ дидан кардаанд, хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ Аҳтам Абдуллозода.

Суди кишвар низ дар пайи ин амр дар нимсолаи аввал аз $37то $73,6 млн бештар шудааст.

"Таҳлилҳо собит карданд, ки кишвари мо бештар ба ҷаҳонгардон аз Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Чин, Арманистон, Туркия ва ИМА ҷаззоб аст. Ба ҳисоби мо ҳар як нафар ҷаҳонгард ба сурати мутавассит дар Тоҷикистон ҳудуди $500 масраф мекунад", — зикр кард Абдуллозода.

Ба гуфтаи вай, афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ва суд аз онҳо ба далели таваҷҷӯҳи бештари ҳукумат ба бахши ҷаҳонгардӣ дар кишвар марбут аст.

"Нахуст, дар соли ҷорӣ барои таҳлили вазъи ҷаҳонгардӣ дар кишвар коршиноси хориҷӣ даъват шуд, ки дар ниҳоят якҷо бо коршиносони тоҷик навҳаи тавсеъаи ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистонро таҳия карданд. Ҳукумат тасмим гирифт барои ин арса 800 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кунад, ки дар муқоъиса бо соли гузашта ду баробар бештар аст", — гуфт раиси кумита.

Ҳамзамон ба манзури ҷалби ҷаҳонгардони ҷадид ба кишвар умури беҳбудсозии сомонаи феълии ниҳоди танзимкунандаи арсаи ҷаҳонгардии кишвар идома дорад (www.visittajikistan.tj).

"Дар зудтарин фурсат дар ин сомона 25 маҳалли ҷаззоби Тоҷикистон барои ҷаҳонгардон ҷой дода мешавад. Ба ин феҳраст албатта маҳаллоте назири қалъаи Ҳулбук, маъбади Аҷинатеппа, кӯҳистони Ховалинг, Сарихосор, Мӯъминобод, ёдгориҳои Саразм, ёдгориҳои қадимаи Панҷакент ва Истаравшан, кӯҳистон Фон ва Искандаркӯл, обҳои шифоии Обигарм, Гармчашма, кӯли Сарез ва боз маҳаллоти дигар шомил мешаванд", — гуфт Абдуллозода.

Ҳамчунин дар ин замина умури таблиғотӣ дар намоишгоҳҳои ва ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ анҷом дода шуда дар сатҳи байналмиллалӣ маводди таблиғотӣ дар бораи маҳаллоти тамошобоби кишвар тавзеъ мешавад (дар соли ҷорӣ беш аз 4,5 ҳазор адад чунин маводд мунташир шуд) ва ҳамзамон қаҳрамониҳои боз, аз ҷумла қаҳрамонии кӯҳнавардӣ баругзор карда мешаванд, ки дар онҳо атбоъи куллия кишварҳои узви ИДМ ширкат мекунанд.

Феълан дар бозори ҷаҳонгардии Тоҷикистон 90 ширкат фаъол мебошанд ва 30 ширкат аз ин миқдор ба ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ машғуланд.

Мавзуъ

Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои тамошобоб барои сайёҳон шомил шуд
Сайёҳон ба Тоҷикистон 106 миллион доллар ворид кардаанд
Барчаспҳо:
афзоиши теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ, Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ, Аҳтам Абдуллозода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ