10:21 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайдмукаррам Абдулқодирзода

Абдулқодирзода: мо барои он хору залил шудем, ки аз илм рӯ гардонидем

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар пайи содир кардани як фатво бори дигар пайравони дини мубини Ислом дар кишварро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват карданд. Рӯҳониёни тоҷик вуҷуди нифоқу тафриқа миёни мусулмононро омили аслии нооромии ҷаҳони Ислом донистанд, ки аз сӯи абарқудратҳо барои пиёда кардани ҳадафҳояшон роҳандозӣ шудааст.

Азбаски фатвоҳои нави Шӯрои уламои Тоҷикистон дар хутбаи намозҳои ҷумъа ба таври васеътар тафсиру тавзеҳ мешаванд ва аз вазъи фазои динии кишвар метавон дар пайи ин огаҳии комиле пайдо кард, хабарнигори Sputnik зуҳри рӯзи ҷумъа роҳ сӯи Масҷиди марказии пойтахт пеш гирифт.

Чун ҳамеша роҳи масҷиди "Ҳоҷӣ Яъқуб" пур аз намозгузорони саҷҷода ба даст буду ҷойи талбандаҳои рангу рӯйпаридаро шумори зиёди кормандони таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ишғол карда буданд ва мо ҳам инро як амри табиию манзараи такрорӣ аз намозҳои ҷумъаи пешин дониста, дохили масҷид шудем.

Саҳн ҳам, ки тайи чанд моҳи ахир бо кашол ёфтани таъмири дохили масҷид ба макони аслии адои намоз табдил ёфта буд, пур аз намозгузороне буд, ки яке ба дигаре ҷой холӣ мекард.

Дидани ин манзара эътимодамро ба муттаҳид будани пайравони Ислом тақвият бахшиду дар зеҳнам саволеро халқ кард, ки "кӣ мегӯяд, мо —мусулмонон муттаҳид нестем?"

Аммо нохост садои раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода баланд шуд, мисле ки андешаҳои маро хонда бошад…

"Агар мусулмонҳо муттаҳид мебуданд, ҳеч кас ҷуръат намекард, пайғамбари онҳо — Муҳаммад (с)-ро таҳқир кунад. Сабаби таҳқир шудани пайғамбар, дини Ислом, мусулмон худи мусулмонҳоанд", мегуфт раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки мавъизаи намози ҷумъаро ироа мекард.

"Замоне, ки аз илм рӯй гардонданд, хору залил шуданд…"

Абдулқодирзода дар идомаи нигарониҳои худ аз вазъи пайравони дини мубини Ислом ба омилҳои дигаре ишора кард, ки боиси нокомии мусулмонон вақтҳои ахир гаштааст. Ӯ якеро омили аслӣ ном бурд, ки мусулмононро заифу дастнигар гардондааст.

"Аз замоне, ки мусулмонон аз илм рӯй гардонданд, хору залилу зери пойи ҳама шуданд", — изҳор дошт Абдулқодирзода.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои кишвар, аз бесаводиии мусулмонон кишварҳои абарқудрат хуб истифода доранду бо таъсиси гуруҳҳои гуногун бо дасти мусулмонҳо аҳдофи худро пиёда мекунанд.

Вай созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро мисол оварда, таъкид кард, ки ин гуруҳ ба хотири паст задани дини мусулмонону пайравонаш исми Исломро ба худ гузоштаву ҷавонони бесаводу бефарҳанги тоҷикро низ фирефта мекунад.

"Бо оташ задани мусулмони зинда дифоъ аз Ислом мешавад? Рафта мардуми ғайри мусулмони осоиштаву бесилоҳро куштан дифоъ аз Ислом аст? Тарконидани ҳавопаймои ҳомили гуруҳе аз мардуми осоишта, ки барои сайёҳату тамошо рафтаанд (манзур ҳавопаймои "А321"-и Русия аст, ки ҳангоми парвоз аз Шармун Шайхи Миср ба Маскав тарконида шуд), дифоъ аз Ислом аст? Не, Ислом аз ин гуна ҳимоятгару корҳо ҳазорҳо бор безор аст. Чун ин корҳо танҳо ва танҳо барои бадном кардани номи Ислом аст",- илова кард раиси Шӯрои уламо.

Даъват: биёед аз Тоҷикистон Ҷопони II бисозем

Абдулқодирзода дар идома ба масъалаи камтаваҷҷуҳии мусулмонон ба илм баргашта, таъкид кард, ки пайравони дини мубини Ислом бояд тамоми илми рӯйи заминро аз худ кунанд, чун далели нокомии ҷаҳони Ислом аз беилмист.

Ба гуфтаи ӯ, илм метавонад, аз як кишвари камбағалу ақибмонда абарқудрат бисозад.

"Баъзе аз давлатҳо на бойигарии табиию на зеризаминӣ ва на тиллою нефт доранд. Аммо яке аз абарқудратҳоянд",- афзуд ӯ.

Раиси Шӯрои уламо Ҷопонро мисол оварда афзуд, ки ин кишвар дар як ҷазираи миёни баҳр ҷойгир аст. Аммо ба қавли ӯ, ҷаҳонро бо илму техникаи худ мусаххар кардааст.

"Ҳар кас технологияи хуб бихоҳад, истеҳсоли ҷопонӣ мехарад. Ҷопониҳо барои чӣ ба ин дараҷа расиданд? Барои он ки ба илм рӯй оварданд. Ҳоло кӣ ҷуръат мекунад, ба онҳо "ҳей" гӯяд? Ҳеч кас! Ва чаро ҳама болои мусулмонҳо ҳуҷум мекунад? Чун медонанд, ки онҳо заифу бечораанд. Дар ҳоле ки тибқи шариати исломӣ илм омӯхтан ибодат маҳсуб мешавад, мусулмонҳо бо эҷоди ихтилофу фитна миёни худу ҳамдигаркушӣ машғуланд ва ин боис шудааст, ки имрӯз ҳар кадомаш талош мекунад, аввалин зарба ба мусулмонҳоро он бизанад",- таъкид кард ӯ.

Раиси Шӯрои уламои кишвар аз тамоми ҷавонони кишвар даъват кард, ба ҷоий баҳсҳои бебунёду беохири мазҳабӣ рӯ ба илм оранд ва ватани худро ба як кишвари пешрафтаву абарқудрат табдил диҳанд.

Барчаспҳо:
пайрав, илмомӯзӣ, хору залил, ҷаҳони Ислом, мусулмон, технология, илм, ҷавонон, раис, масҷид, намози ҷумъа, "Ҳоҷи Яъқуб", Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ДИИШ, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Миср, Ҷопон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ