15:50 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Куҳҳои Бадахшон. Акс аз бойгонӣ

Водии Бартанг: минтақаи дар инзивоъ монда

© Sputnik / Игорь Михалев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Зилзилаи Бадахшон ва бартарафсозии оқибатҳои он (16)
66 0 0

Вазорати дифои Тоҷикистон чанде қабл эълон кард, ки ду чархболи дигар ҳам барои расондани кӯмакҳо ба сокинони осебдидаи Бартанг сарфарбар мешаванд.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Водии Бартанг, ки дар натиҷаи заминларзаи 7 декабр осеби зиёд дидааст, дар ҳоли ҳозир аз ҷаҳони берунӣ дар инзивоъ қарор дорад. Дар пайи заминларзаи шадиду рехтани сангпораҳо ягона роҳе, ки ин водиро бо маркази ноҳияи Рӯшон мепайвандад, хароб гардидааст, менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бар иловаи ин, роҳи ҳавоӣ ҳам ба водии мазкур маҳдуд мебошад. Ду чархболи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки бо дастури раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои расондани кӯмак ба осебдидагони Бартанг сафарбар шудаанд, ба далели номусоидии ҳаво наметавонанд, ба ин водӣ парвоз кунанд.

Масъулини Вазорати дифои кишвар мегӯянд, онҳо барои сафарбар кардани се чархболи дигар ба ноҳияи Рӯшон ба хотири расонидани кӯмак ба осебдидагони Бартанг омодаанд.

Раҳбари шӯъбаи равобит бо ҷомеаи ҳукумати вилояти Бадахшон Нилуфар Асламшоев гуфтааст, сокиноне, ки дар пайи заминҷунбӣ хонаҳои худро аз даст додаанд, ҳоло дар боғчаву макотиби миёна ҷойгир шудаанд.

Асламшоева таъкид кардааст, ки тамоми сокинони зарардидаи водии мазкур бо маҳсулоти ғизоие таъмин карда шудаанд, ки Агентии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон ҳанӯз тобистони соли равон ба ин минтақа оварда буд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сокинони зарардидаи Бартанг бо исми Азамат мегӯяд, онҳо дар натиҷаи ин офати табии хонаи худро аз даст додаанду ҳоло маҷбур аст, ҳамроҳ бо се фарзанди худ дар берун, зери ҳавои сард шабро рӯз кунад. "Ҳаво ниҳоят сард аст ва мо дар кӯча мондаем. На хайма асту на кӯмаки башардӯстонае то ҳол дидаем", — таъкид мекунад ӯ.

Духтури ҷамоати Савноб Ватаншо Мирзошоев мегӯяд, ӯ ҳоло ба сокинони 8 деҳаи осебдидаи Бартанг ёрии тиббӣ мерасонад. Вай маҷбур аст, ҳар субҳ ба ин 8 деҳа пиёда биравад. Зеро дар натиҷаи заминларза роҳҳои мошингард хароб гаштаанду дар умум дар ин минтақа 7 нафар захм бардоштааст.

Сокинони осебдидаи Бартанг дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, аз замони вуқӯъи заминларза се рӯз сипарӣ шудааст. Аммо онҳо ҳанӯз кӯмакеро дарёфт накардаанд. Чархболи ҳомили кӯмакҳо дар маркази ноҳия фуруд омадааст ва чархболҳои дигар бошанд, ба хотири номусоидии ҳаво наметавонанд ба ин минтақа парвоз кунанд.

Заминларза ҳанӯз идома дорад

Вазорати дифоъи Тоҷикистон чанде қабл эълон кард, ки ду чархболи дигар ҳам барои расондани кӯмакҳо ба сокинони осебдидаи Бартанг сарфарбар мешаванд. Аммо тавре мақомоти маҳалли Бадахшон мегӯяд, ин чархболҳо ҳанӯз ба ин вилоят нарасидаанд.

Расонаҳои дохилии кишвар хабар додаанд, ки раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед барои ошноӣ бо вазъи осебдидагон пиёда ба роҳ баромада, дар давоми ду рӯз то Бартанг расидааст.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ҳам қарор дошта, комиссияи ҳукуматӣ барои бартараф кардани офатҳои табииро раҳбарӣ карда, бо масоили вобаста ба кушодани роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг машғул аст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки заминларза дар ноҳияи Рӯшон ҳанӯз идома дорад. Рӯзи 9 декабри соли равон заминҷунбии шадид дар ин минтақаи куҳии кишвар ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он сангрезӣ ба миён омада, боиси хароб гаштани девори атрофи мактаб- интернат ва зери санг мондани мошини навбатдори ҳукумати маҳаллӣ гардид.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар натиҷаи заминларзаи 7 декабр дар ҳудуди вилояти Бадахшон 237 хона пурра хароб шуда, 588 тои дигар қисман вайрон гардидаанд. Аксари ин хонаҳои харобгашта марбут ба сокинони Рӯшонанд.

Аз ин нишонӣ матолиби марбут ба заминларзаи Бартангро дарёфт карда метавонед>>

Мавзуҳо:
Зилзилаи Бадахшон ва бартарафсозии оқибатҳои он (16)

Мавзуъ

Боз як фоҷиа: ҳалокати милиса дар Бартанг бар асари резиши санг
Мақомоти Рӯшон: заминларза ба ноҳия 24 млн зарар расонд
Барчаспҳо:
осебдида, чархбол, заминларза, башардӯстона, зарардидагон, кӯмак, сокинон, зилзилаи Бартанг, қатъи рафтуо ба Бартанг, заминҷунбӣ дар Бадахшон, заминларза, Агентии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон, Вазорати дифои Тоҷикистон, Азим Иброҳим, Шодихон Ҷамшед, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, Бартанг, Рӯшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ