06:00 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Город Хорог, архивное фото

Сафи бекорон дар Бадахшон боз зиёдтар шуд: даҳҳо нафар кормандонро аз вазифа ронданд

CC BY-SA 3.0 / wikipedia / Zack Knowles
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
128310

Дар Бадахшон даҳҳо нафар аз кормандони ниҳодҳои гуногун барои нагузаштан аз атестатсия аз кор ронда шуданд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Ожонси хидмати давлатӣ дар Бадахшон бо баргузор намудани аттестатсия даҳҳо кормандони ниҳодҳои гуногунро аз вазифа сабукдӯш намуд.

Сухангӯи мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik  Тоҷикистон иттилоъ дод, ки феълан шумораи умумии аз кор рондашудагон маълум нест.

Ба гуфтаи Ниятбеков аз нисф бештари кормандонро, бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои тахассусӣ аз вазифа ронданд.

"Аснои санҷиш муайян гардид, ки бештари кормандон берун аз ихтисоси худ фаъолият мекунанд, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо аз кор ронда шуданд", - изҳор намуд сухангӯи мақомоти иҷроияи ВМКБ.

Вай афзуд, аксари кормандоне, ки дар Бадахшон ихтисор шуданд, дар бахшҳои  молия, бонкдорӣ, гумрук ва сармоягузорӣ фаъолият мекарданд.

Файзов: эътимоди мардуми Бадахшонро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ эҳсос мекунам

Ронда шудани даҳҳо кормандони касбу кори гуногун дар Бадахшон дар ҳолест, ки мушкили бекорӣ солҳо боз домангири ин вилоят аст.

Барчаспҳо:
афзоиш, ҷавонон, бекорӣ, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ