16:36 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1107 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади марди ношинос хабар медиҳад, ки дар чоҳе воқеъ дар наздикии бинои “Шарқи озод” пайдо шудааст

ДУШАНБЕ, 2  мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумита , то кунун мушаххас нашудааст, ки ин мард кист ва аз куҷост ва сабаби ғарқи чоҳ шуданаш чист.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷасади марди ношинос аз ҷониби қисми навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе рӯзи гузашта дар ноҳияи Фирдавсӣ назди бинои маҷтамаи “Шарқи Озод” дар даруни чоҳ пайдо шудааст.

“Соати 12:15 дақиқа дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 12:30 дақиқа ҷасадро бароварданд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳуввияти ҷасад маълум нашуд, асноди мушахаскунандаи шахсияти ӯ пайдо набуд, бинобар ин кормандони наҷот ҷасадро барои шиносоӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Худкушӣ ё ҳодисаи нохуш: дарёфти ҷасади сокини 48 - солаи Бадахшон аз рӯди Ғунд

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҳодисаи аз об берун овардани ҷасади афрод зарфи чанд рӯзи охир аст. Субҳи рўзи 28 феврал аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади сокони 45 солаи пойтахт низ дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии “Фишорӣ”-и маҳаллаи Заргар дар дохили канали Варзоб аз об бароварда шуд.

Баъди шиносоӣ, пайвандонаш гуфтаанд, ӯ аз хона 20-уми феврали соли равон баромадаву то кунун барнагашта буд.

Барчаспҳо:
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дарёфти ҷасади як мард, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ