04:16 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
146102

Дар пасманзари хуруҷи маризии сироятии коронавирус, Туркия равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон маҳкам кард. Феълан теъдоди зиёди шаҳрвандони тоҷик дар шаҳри Истамбул банд монда, хостори бозгашт ба ватан ҳастанд

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия банд монда, хостори бозгашт ба ватан ҳастанд. Онҳо мегӯянд, аз ҳисоби соҳиби як меҳмонхона зиндагӣ доранд.

Дилангез Раҳимова, яке аз ин афрод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ рӯзи 14 март модарашро, ки ба маризии қанд гирифтор аст, ба Истамбул барои тадовӣ овард ва мебоист рӯзи 20 моҳи март ба ватан баргардад, аммо дар фурудгоҳ ба ӯ ва ҳамраҳонаш гуфтанд, ки парвозҳо ба Тоҷикистон қатъ шудаанд.

"Ҳоло ҳама ба ҳар ҷо тақсим шудаем. Дар ҳамин ҳотеле, ки ман зиндагӣ дорам, ҳудуди 30 нафарем. Пулҳоямон тамом шудаанд ва мо аз ҳисоби худи меҳмонхона будубош мекунем. Танҳо як хоҳиш дорем, ки моро ба ватан интиқол диҳанд", - гуфт Санавбар Раҳматова.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус : дар ИМА аз 100 ҳазор гузашт

Қаблан дар масири Истамбул – Душанбе тайёраҳои "Туркиш Эйрлайнс" ва "Сомон – Эйр" парвоз мекарданд. Ширкати туркӣ 14 март эълом дошт, ки то охири моҳ парвозҳояшро дар ин масир аз се ба як коҳиш хоҳад дод, аммо 18 март Тоҷикистон дарвозаҳои ҳавоиашро ба рӯи ширкатҳои хориҷӣ баст ва дигар ягон тайёра ба парвоз наомад.

Муҳамаддуллоҳ Асадуллоҳзода, як донишҷӯи тоҷикро, ки дар Донишгоҳи давлатии Ярослави Хирадманди шаҳри Новгороди Русия таҳсил мекард, иттифоқоти дигаре ба Туркия оварданд. Ӯ ба ин андеша, ки эҳтимолан парвози "Сомон Эйр" аз Санкт – Петербург ба Душанбе лағв шавад, рӯзи 18 март ба Истамбул парвоз кард, ҳамон рӯз, ки Тоҷикистон дарвозаҳои ҳавоиашро баст.

Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар Истамбул ба шумули ӯ ду донишҷӯи дигар, занон ва мӯйсафедоне, ки барои табобат ба Туркия омада буданд, тоҷирон ва онҳое, ки барои саёҳат омадаанд, дар мондаанд.

"Ҳамарӯза бо консулии Тоҷикистон дар Истамбул дар тамос ҳастем. Ба мо фақат мегӯянд, ки ҳама кори аз дасташон меомадагиро мекунанд ва мо бояд мунтазир шавем, аммо номаълум чӣ қадар. Маблағамон тамом шудааст. Мардум аз ҳисоби худ дар меҳмонхонаҳо зиндагӣ доранд. Як ду бародари блогер каму беш кӯмак карданд", - гуфт Муҳаммадуллоҳ.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар утоқҳои иҷоравӣ, хонаҳои ошноён ва меҳмонхонаҳои Истамбул зиндагӣ мекунанд. Ба қавли Муҳаммадуллоҳ, қисмати бузурги онҳо дар меҳмонхонаи оддие ба номи "Буюк Париж" (Парижи бузург) сукунат ихтиёр кардаанд, ки ба як тоҷири курдӣ ба номи Аҳмад Абӣ тааллуқ дорад.

"Ин кас як инсони некӯкор аст. Аввал, қимати утоқҳо 20 – 25 доллар буд, дид, ки вазъи мо хароб аст, қиматро ба 10 доллар коҳиш дод. Ин ҳам агар аз рӯи инсоф бигирем, қимати хӯрокест, ки ба мо медиҳад. Ҳоло ӯ ҳам таҳти фишори ҳукумат мондааст. Аз ӯ мехоҳанд, ки меҳмонхонаашро қарантин кунад. Яъне моро метавонад биронад", - мегӯяд Муҳаммадуллоҳ.

Тибқи иттилои вазорати тандурустии Туркия, тайи шабонарӯзи охир дар ин кишвар 1610 мавриди нави гирифторӣ ба "вируси корона" сабт шуда, теъдоди умумии мутбалоён ба 10827 ва фавтидагон 168 нафар (37 мавриди нав) расидааст.

Истамбул яке аз нуқтаҳои доғи шуюъи ин вирус дар Туркия маҳсуб мешавад. Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, дар меҳмонхонае, ки ҷой гирифтаанд, имкони гирифторӣ ба вирус зиёд аст, зеро он ҷо онҳо ба ниқоб, дастпӯш, доруву дигар шароити зиддиуфунӣ дастрасӣ надоранд.

Барчаспҳо:
дармонданд, шаҳрвандони тоҷик, Туркия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ