10:59 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
210700

Соли 2021 аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ташкил карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Соли 2021 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқдоми бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ ва фароҳамоварии заминаҳои шуғли фосилавӣ, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои калонсолон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро тақвият бахшад.

Дар ин росто бо мақсади фароҳам овардани шароити корӣ барои сокинон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

Соли 2021 аз ҷониби сохторҳои марбутаи вазорат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ташкил карда мешаванд.

Ин нуктаро имрӯз зимни баргузории ҷаласаи мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021", вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширин Амонзода баён намуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ҷаласаи мушовара намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳру вилоятҳои он ба таври фосилавӣ аз фаъолияти худ гузориш доданд.

Вазир дасту остин бар зад: бозорҳои мардикории Тоҷикистон аз байн мераванд?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, анҷом медиҳад.

Барчаспҳо:
сатҳи бекорӣ, бекорӣ, саросари кишвар, ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ