01:33 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
330 0 0

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2021 қарор баровард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба қарори раиси шаҳри Душанбе ин ярмаркаҳо бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин росто, Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор шудаанд, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва ширкати корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.

Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ муваззаф шуданд, барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулотҳо ва талаботи санитарию гигиениро бояд Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию ва раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорат кунанд.

Метавонед бисанҷед: Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоб дархост ирсол кард

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизматрасонии ташхиси маҳсулотҳои гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо бояд тариқи ройгон амалӣ намоянд.

Барчаспҳо:
нарх, баргузор, назорат, кишоварзӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ