22:49 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
414 0 0

Соли 2020 барои Тоҷикистон соли фалокатбор будааст, зеро дар ин сол фавти 41ҳазору 693 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта беш аз 8 ҳазор ҳолат зиёдтар аст

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ омори фавти шаҳрвандонро дар як соли гузашта эълон кард.

Ба иттилои Сироҷзода, соли гузашта дасти кам 41 ҳазору 693 нафар аз оризаҳои ҳархела ҷон аз даст доданд.

Коршинос дар бораи тестҳо ва маргу мир аз илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон

Аз ҳама беш, ба таъкиди сардори сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, фавт аз бемории қалб ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, муайян гардидааст, ки маргу мир дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2019, 8 ҳазору 643 ҳолат афзоиш ёфтааст.

Ба эҳтимоли зиёд, ба ҷараёни фавти шаҳрвандон дар соли 2020 пандемияи коронавирус низ таъсиргузор бошад.

Танҳо ба маълумотҳои расмӣ, аз 30 апрел то моҳи декабри соли гузашта, 90 нафар қурбони бемории коронаиврус гардиданд.

Сесад ҳазор бемор: омори охири маргу мир аз коронавирус дар ҷаҳон

Намояндаи Вазорати адлия дар идомаи нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар Муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ 11 маҳбус аз маризии илтиҳоби шуш ба ҳалокат расиданд.

Барчаспҳо:
Вазорати адлияи ҶТ, марг, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ