10:12 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
22801

Кумитаи рушди маҳалли назди президенти Тоҷикистон аз таъмини боз беш аз 201 ҳазор аҳолии кишвар бо оби ширин ё нӯшокӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Соли 2020 новобаста аз пеш омадани мушкилоти вобаста ба пандемияи коронавирус 201 ҳазору 333 нафар, аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ таъмин шудаанд, изҳор дошт Қосим Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал зимни нишасти матбуотӣ.

“Пружаҳое, ки дар ин робита эҷод шуда буданд, аз сӯи ҳукумат ва ҳам соҳибкорон амалӣ шуданд. Маъмулан кашидани хатҳои интиқоли об барои маҳаллаҳо ва заминҳои нав дар кишвар дахл дорад”, - гуфт Қосим Раҳбар.

Раиси Кумитаи рушди маҳал афзуд, аксари тарҳҳои таъмини оби нӯшокӣ аз роҳи кандани чоҳҳои амудӣ иҷро мешаванд, зеро онҳо харҷи зиёд талаб намекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳатман таркиби обро баррасӣ мекунанд, ки то куҷо ба саломатии инсон зиён надорад.

Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳалл, ҳоло дар вилояти Суғд - 83, 6%, Хатлон - 64%, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 82,5%, шаҳри Душанбе - 98,8% ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 82% - и аҳолӣ дастрасӣ ба оби ширин пайдо кардаанд. Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 7 миллиону 191 ҳазору 595 нафар ё 81,4% - и аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшиданӣ таъмин шудаанд.

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ба 1 октябри соли 2020 шумораи сокинони кишвар ба 9 миллиону 441 ҳазор нафар баробар шудааст.

Тоҷикистон махзани об ва кишвари обҳои тозаву шифобахш маҳсуб шуда, ба иттилои коршиносон ҳудуди 60% - и оби Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳои ин кишвар ҷорӣ мешаванд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ