02:42 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Бозигарони тими Истиқлол. Акс аз бойгонӣ

Ғалабаи дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо ҳисоби бузург

© Официальный сайт ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Инчунин,"Равшан"-и Кӯлоб таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Тоҳир Муъминов дар майдони худ «Барқи тоҷик»-и Душанберо мағлуб карда, легионери эронии даста, Ҳусеён Сӯҳробӣ ду голро ба самар расонид.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Рӯзҳои гузаштаи 8-9 август бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футбол.

Дар чаҳор бозӣ мизбонон ва танҳо дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.

Ба иттилоъи манба, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, пешсафи ҷадвали мусобиқа, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Манучеҳр Ҷалилов, ки панҷ голро ба ҳадаф расонд, қаҳрамони ин бозӣ гардид. Вай дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 13 гол дар мақоми аввал қарор дорад.

Дар бозии дигар, тими  «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бл ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Ду голро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонд. Иброҳим Рабимов ва Аҳтам Ҳамроқулов бошанд, як голӣ заданд.

Инчунин, дар бозии даври 11 сабқати дастаҳои лигаи олии мамлакат тими «Равшан»-и Кӯлоб таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Тоҳир Мӯъминов дар майдони худ «Барқи тоҷик»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Ҳамлагари "Равшан" Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ дар ин бозӣ ду голро ба ҳадаф расонд.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ба голи бозигари «Парвоз» Абдумалик Юсуфов аз ҷаримаи 11-метра Комил Саидов, Расул Файзов ва Фаридун Шарифов бо се гол посух доданд.

Барчаспҳо:
даври 11 лигаи олӣ, футбол, ду пирӯзӣ бо ҳисоби бузург, тими "Равшан", тими Хуҷанд, "Истиқлол", ФФТ, Тоҳир Мӯъминов, Абдумалик Юсуфов, Ҳусейн Сӯҳробӣ, Манучеҳр Ҷалилов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ