20:47 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
474 0 0

То оғози Олимпиада дар Бразилия каме бештар аз шаш моҳ боқӣ мондааст. Дар пеш сабқатҳои гуногуни интихобӣ варзишгаронро интизоранд. Соли 2015 Тоҷикистон танҳо як роҳхат ба Бозиҳои олимпиро ба даст овард. Оё имкони дигари дарёфти роҳхат вуҷуд дорад?

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Олимпиадаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ бори нахуст дар Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

То имрӯз наздики 146 кишвар роҳхати ба Рио рафтанро гирифтаанд, ки теъдоди варзишгаронашон ба 5412 нафар мерасад. Дар бозиҳои олимпии соли 2016 аз рӯи 28 намуди варзиш медалҳо соҳибонашонро интизоранд.

Ҳоло фақат Дилшод Назаров. Яккаву танҳо

Тоҷикистон айни ҳол танҳо як роҳхати олимпӣ  дорад. Гурзпарто Дилшод Назаров ягона варзишгари тоҷикистонист, ки муҷаввизи иштирок дар Бозиҳои Олимпии 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия)-ро ба даст овардааст.

Варзишгари тоҷик то ин вақт дар се бозии олимпӣ- соли 2004 дар Афина, соли 2008 — дар Пекин  ва соли 2012- дар  Лондон қувваозмоӣ кардааст. Ӯ соли гузашта дар сабқати байналмилалии "IAAF Hammer Throw Challenge" дар Острав (Чехия) низ ҳунарнамоӣ дошт.

Дилшод гурзро ба масофаи 79,36 метр партофта, соҳиби медали нуқра ва роҳхат ба бозиҳои олимпӣ шуд. Мувофиқи нишондоду меъёр барои дарёфти роҳхат ба Рио натиҷаи гурзандозӣ на камтар аз 79,00 м бояд бошад.

Барои дигар варзишгарони тоҷик нимсолаи аввали соли равон муҳимтарин маҳсуб меёбад. Онҳоро мусобиқаҳои гуногун барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои Олимпӣ интизор аст.

Дилшод Назаров. Архивное фото
© AFP 2019 / FRANCK FIFE
Дилшод Назаров. Архивное фото

Бояд гуфт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чанде қабл рӯйхати гирандагони идрорпулии олимпиро тасдиқ кард. Ба ин рӯйхат 15 варзишгар шомил шуданд ва онҳо ҳуқуқ доранд маблағҳои дарёфтиашонро барои баландбардории малака, инчунин дарёфти роҳхати олимпӣ сарф кунанд.

Дар Олимпидаи Лондон Тоҷикистонро 16 варзишгар муаррифӣ кард. Ин нишондод нисбати чор соли гузашта каме зиёд буд, зеро қаблан ҳамагӣ 14 варзишгар дар Пекин ширкат дошт. Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи 2008 ду медал ба даст оварда буданд.

Юсуф Абдусаломов дар намуди гуштии тарзи озод дар вазни то 84 кг соҳиби медали нуқра гардида, Расул Боқиев дар намуди дзюдо дар вазни то 73 кг барандаи мақоми саввум ва нишони биринҷӣ шуд. Пеш аз олимпиадаи 2012 (Лондон) коршиносон ҳадс мезаданад, ки варзишгарони тоҷикро "ҷаҳиши бузург" интизор аст.

Аммо намояндагони мо яке пайи дигаре ба шикаст мувоҷеҳ мешуданд ва дар охир танҳо як медал, он ҳам биринҷиро ба даст оварданд. Мавзуна Чориева, ягона варзишгари тоҷик буд, ки дар риштаи муштзанӣ мақоми севвумро соҳиб гардид. Аз рӯи натиҷаи нишонҳои бадастоварда Тоҷикистон дар мақоми 79-ум бо Афғонистон, Баҳрайн, Кувайт, Марок, Ҳонгконг, Арабистони Саудӣ дар як рада қарор гирифт.

© Sputnik
Духтари сесолаи Чориева муштзань мекунад

Бе муҷаввиз ва бе шонс

Имсол чӣ армуғонеро дар пай дорад? Барномаи Олимпиада- 2016 аз 28 навъи варзиш иборат аст. Ба номгӯи бахре аз ин риштаҳо тоҷикситониён шомил ҳам нестанд ва даъвои гирифтани иҷозатномаро намекунанд. Баъзе аз намудҳои варзиш ҳатто дар ҷумҳурии вуҷуд надорад…

Чавгон дар рӯи замин (сабза), баскетбол, волейбол, гандбол, гимнастика- ин намудҳо бошанд дар ҷумҳурии мо он қадар маъмул нестанд, ҳарчанд вуҷуд доранд. Варзиши велосипедронӣ, варзишҳои обӣ, бадминтон, теннис, футбол, шамшербозӣ, қаиқронӣ,  тенниси рӯи миз, тирандозӣ, камонварӣ, варзиш (атлетика)-и вазнин- намудҳоеанд, ки мо имрӯз имконияти нишон додани натиҷаҳои олиро дар онҳо надорем.

Ҳамин тавр, ҳамагӣ панҷ намуди варзиш, ки варзишгарони мо имкони ба даст овардани иҷозатномаро дар онҳо доранд, боқӣ мемонанд: бокс, гуштин, гуштии намуди дзюдо, варзиши сабук ва таэквон-до (WTF).

Дар намуди варзиши сабук аллакай як иҷозатнома вуҷуд дорад, аммо супоридани норматив барои дарёфти он аз ҷониби варзишгарон эҳтимол надорад. Гуштигирони тоҷик низ имкони ба даст овардани роҳхатро доранд, аммо онҳо агар дар як мусобиқаи варзишӣ пирӯз шаванд, дар дигар сабқат мағлуб мешаванд.

Ҳоло каме устуворӣ ва матонат ба дзюдоистони тоҷик намерасад. Имрӯзҳо варзишгарони тими миллӣ давра ба давра дар мусобиқоти байналмиллалӣ ширкат варзида кӯшиш мекунанд натиҷаҳои баланд ба даст биёранд. Метавон гуфт, ки дар айни ҳол танҳо Комроншоҳи Устопириён  иҷозатноамаро (ҳоло дар бораи роҳхат нагуфтем) барои ширкат дар Бозиҳои Рио-2016 дорад. Варзишгарони боқимонда қувваозмоиро давом медиҳанд.

Инчунин таэквандочиёни тоҷик низ имконияти хуб доранд, сабқатҳои онҳо  дар фасли баҳор баргузор мешавад. Аз Алишер Гулов ва Фарҳод Негматов умеди зиёд дорем. Дар даврҳои гузашта онҳо мустақилона иҷозатномаро гирифта буданд, шояд имсол ҳам ба даст оранд. Дар намуди варзиши бокс низ, варзишгарони пуртаҷриба зиёданд ва имкони дарёфти иҷозатнома аз имкон дур нест, онҳо Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов мебошанд.

Бразилия низ дучори мушкил аст

Дар баробари наздикшавии Бозиҳои Олимпӣ ҳарфу садои мухталиф атрофи он бештар мешаванд. Соли гузашта дар Бразилия чемпионати ҷаҳон оид ба футбол доир гардид, ки ҳамоишҳои гуногуни мардумиро ба бор овард, халқ аз он норозигӣ баён карданд, ки маблағи хеле зиёд на барои баланд бардоштани зиндагии муҳтоҷон, балки барои бозиҳо сарф мешаванд.

Имсол ҳам ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои ба ҳамин монанд аз эҳтимол дур нест.

Ғайр аз ин дар тамоми ҷаҳон амалиётҳои гуногуни террористӣ авҷ мегиранд ва  ташкилкунандагони Бозиҳои Олимпиро мебояд чораҳои зарурӣ андешанд. Дар баробари ин дар Бразилия хурӯҷи вируси Зик ҷомеъаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Агар то саршавии Олимпиада бо он мубориза набаранд, теъдоди зиёде ба он гирифтор мешаванд.

Аммо чизи аз ҳама асосӣ ва хурсандиовар он аст, ки дар бораи қатъ ва ё мавқуф гузаштани бозиҳои олимпӣ сару садое ба вуҷуд наомадааст.  

Мавзуҳо:
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)

Мавзуъ

Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд
Барчаспҳо:
муҷаввиз, шонс, роҳхати олимпӣ, литсензия, варзишгарони тоҷик, олимпиада, КМО-и ҶТ, ФФТ, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Дилшод Назаров, Косово, Рио-де-Женейро, Судони Ҷанубӣ, Бразилия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ