01:28 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мубин Эргашев. Акс аз бойгонӣ

Мубин Эргашев ба кор баргашт. Ба “Истиқлол”

Официальная страница М. Эргашева в Facebook
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе пас аз муолиҷаи даҳрӯза дар Маркази миллии тиббӣ ба кор баргашт.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сармурабии дастаи "Истиқлол ва ҳамакнун сармурабии собиқи мунтахабаи футболи Тоҷикистон, Мубин Эргашеви 43-сола пас аз муолиҷаи даҳрӯза дар Маркази миллии тиббӣ ба кори аввалааш баргашт.

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, баъд аз мағлубияти дастаи футболи мамлакат аз тими миллии Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 ва бозгашт ба Душанбе рӯзи 27 март ба иллати бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шуда буд.

Бо сабаби маризӣ Мубин Эргашев дар бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" муқобили мунтахаби Қирғизистон, ки 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, иштирок карда натавонист. Дар ин бозӣ дастаи яккачини футболи кишвар таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ, ба майдон омад ва бо ҳисоби 0:1 бозиро бохт.

Пас аз ҷамъбасти мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 21 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 11 имтиёз ҷойи севумро аз они худ кард, мустақиман ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 роҳхат гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бо 5 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол намуда аз ҳаққи ширкат дар сабқат маҳрум гардид.

Мавзуъ

Эргашев и.в. сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд
Барчаспҳо:
муолиҷа, бозгашт, бозӣ, футбол, Маркази миллии тиббӣ, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, тими "Истиқлол", Роман Пилипчук, Мубин Эргашев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ