07:28 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Варзишгарони 16 кишвари Осиё маҳорати варзишии худро аз рӯи намудҳои гуногуни куштӣ нишон доданд. Медали тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Мусулмон Мустафоқулов овард.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Варзишагрони тоҷик аз қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид бо даҳ медал ба ватан баргаштанд.

Дар Ашқобод аз рӯи намуди варзиши туркмании гореш ва куштии озод мусобиқаи бузург гузаронида шуд. Дар қаҳрамонии Осиё зиёда аз 300 варзишгар аз 16 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Чин, Малайзия, Сингапур ва Эрон баромад карданд.

Ба мунтахаби Тоҷииктсон 21 варзишгар дохил шуд.

Аввалин бор аз рӯи намуди варзиши туркмании гореш (ҳам куштии озод ва ҳам намуди куштии классик) мусобиқа доир гардид. Аз рӯи ин намуди куштӣ варзишгарони тоҷик соҳиби як медали тилло, чор нишони нуқра ва як медали биринҷӣ гардиданд. Беҳруз Гулмаҳмадзода аз рӯи намуди куштии озод дар вазни 75 кило медали биринҷӣ ба даст оварда, Мусулмон Мустафоқулов дар вазни 68 кило бар рақиби худ аз Туркманистон аз рӯи намуди классик ғолиб омада соҳиби нишони тилло гардид.

Дар баробари ни, Парда Мустафақулов дар вазни 57 кг, Аббосали Ҷураев (75 кг), Ҳасан Ёриев (90 кг) ва Самандар Эрназаров (+100 кг) соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.

Дар рӯзҳои баъдии мусобиқа сабқат идома ёфта он аз рӯи намуди варзиши куштии тарзи озод ва классик дар вазни аз 62 то 100 кг гузаронида шуд. Аз рӯи ин намуди варзиш низ намояндагони Тоҷикистон баромад карданд.

"Мутаассифона дар ин сабқатҳо варзишгарони тоҷик медали тилло ба даст наоварданд. Дар намуди классик Хуршед Шарипов дар вазни 90 кг ва Маҳмад Миров дар вазни 100 кг дар бозии ниҳоӣ аз рақибони худ аз Туркманистон шикаст хурда соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Ҳамчунин Абуэҳсон Ашурзода (75кг) ва Достонбек Почоев (82кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд",-гуфт Анвар Қосимов, роҳбари ҳайтаи мураббиён ва  варзишгарони тоҷик.

Ба қавли ӯ варзишгарони тоҷикро дар пеш мусобиқаҳои дигар, масалан қаҳрамонии Осиёи Марказӣ интизор аст. Интизор меравад, ки ин сабқат дар Истаравшани вилоияти Суғд гузаронида шавад.

Барчаспҳо:
10 медал, кушти, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ