15:35 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Дави миллӣ дар Суғд

Аз паси раис: дар Суғд 30 000 кас дар Дави миллӣ ширкат кард

© Фото : Аз ҳукумати вилояти Суғд
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1192 0 0

Наздики 30 000 нафар сокинони маркази вилояти Суғд, кормандони ташкилоту идораҳо, соҳаҳои фарҳангу маориф ва ҷавонону варзишгарон дар Дави миллӣ ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷавонон, дар маркази вилоят чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат кард, хабар медиҳад мақомоти вилояти Суғд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури иштирокдорони чорабинӣ суханронӣ карда, аз дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон ёдоварӣ кард.

"Мақомоти вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат ва дастгирии доимии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва таъмини оммавияти варзиш тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд аз рӯи понздаҳ навъи варзиш мусобиқаҳои варзишӣ ҷараён дорад",-гуфт Аҳмадзода.

Ба иттилои манбаъ, дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ наздики 30 000 нафар сокинони маркази вилоят, кормандони ташкилоту идораҳо, соҳаҳои фарҳангу маориф, тандурустӣ ва ҷавонону варзишгарон дар он иштирок карданд.

Маросими ҷамъбастии чорабинии варзишӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ