17:06 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Мунтахаби Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эълони ном ва нархи футболбозони Тоҷикистон: Умарбоев - қиматтарин

© ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
943 0 0

Пойгоҳи машҳури олмонии “transfermarkt.de” феҳрасти ҷадид дар бораи арзиши футболбозҳои кишварҳои гуногунро нашр кард, ки тими Тоҷикистон низ дар он шомил аст

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Пойгоҳ ба феҳрасти ҷадидаш номи футболбозони зиёди Тоҷикистонро ворид намудааст, аммо нархи на ҳамаи онҳо зикр шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, қиматтарин футболбози мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев бо нархи 500 ҳазор евро мебошад, ки феълан дар дастаи “Локомотив”-и Булғористон бозӣ мекунад. Дар зинаи дуюм Манучеҳр Ҷалилов, бозигари бошгоҳи индонезӣ бо нархи 350 ҳазор евро ҷой гирифтааст.

Мақоми сеюмро се бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон – Искандар Ҷалилов аз “Истиқлол”, Фарҳод Восиев аз бошгоҳи “Тюмен” ва Даврон Эргашев аз тими “Хуҷанд” соҳиб шудаанд, ки нархи ҳамаашон 300 ҳазор евроӣ арзёбӣ шудааст.

Нуриддин Давронов аз “Истиқлол” бо арзиши 225 ҳазор евро дар ҷойи 4 ва Хуршед Бекназаров аз бошгоҳи индонезии "ТИРА-Персикабо" бо нархи 200 ҳазор евро дар зинаи 5 ҷой гирифт.

Инчунин нархи Ҷаҳонгир Алиев аз “Хуҷанд” – 150 ҳазор евро, Умедҷон Шарипов – 100 ҳазор евро, арзиши Зоир Ҷурабоев аз “Истқилол”, Алишер Мирзоев аз “Сперанта”-и Молдова ва Фирӯз Раҳматов аз “Регар-ТАдАЗ” 75 ҳазор евроӣ арзёбӣ шудааст.

Чор бозигари мунтахаб – дарвозабон Рустам Ятимов, нимҳимоятгар Амирбек Ҷурабоев аз “Истиклол”, Ҷаҳонгир Эргашев аз “Хуҷанд” ва Шаҳром Сулаймонов аз “Истиклол” 50 ҳазор евроӣ нархгузорӣ шудаанд.

Дар феҳраст номи футболбозони дигари тими мунтахаб низ зикр гардидааст, аммо нархи онҳо оварда нашудааст.

Дар маҷмуъ “нарх”-и тими мунтахаби Тоҷикистон, ки қаблан 2,4 миллион евро буд, ҳудуди 450 ҳазор евро боло рафта, ба 2 миллиону 850 ҳазор евро баробар гардидаст.

Барчаспҳо:
тими мунтахаб, нарх, феҳраст, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ