Мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа ба Ҳиндустон сафар кард

© ФФТЧемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D»
Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D» - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар "Hero Intercontinental cup 2019" ба Ҳиндустон сафар кард

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Тими мунтахаби Тоҷикистон субҳи имрӯз, 5-уми июл барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии "Hero Interсontinental Cup 2019" ба кишвари Ҳиндустон сафар кард, хабар медиҳад Федератсияи  футболи Тоҷикистон.

Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
ФУТБОЛ: ҳарифони дастаҳои мунтахаби то 16-сола ва то 19-солаи Тоҷикистон муайян шуданд

Бино бар иттилои манбаъ, дар мусобиқоти мазкур ширкати яккачинҳои Сурия, Кореяи Шимолӣ ва мизбони ин чорабинӣ тими Ҳиндустон низ дар назар аст.

Нахустин бозии худро шогирдони Усмон Тошев дар мусобиқаи "Hero Interсontinental Cup 2019" рӯзи 7-уми июл бар зидди тими Ҳиндустон баргузор мекунанд.

Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии ниҳоии хешро мунтахаби кишвар санаи 15-уми июл бо дастаи Сурия доир менамояд.

Созиш барои бозиҳои дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Саудӣ

Мусобиқа дар системаи даврӣ баргузор шуда, дар як давр ҳар як мунтахаб байни ҳамдигар бозӣ анҷом медиҳанд.

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон мизбони чемпионати футболи Осиёи Марказӣ мешавад

Ҳамин тавр рӯзи 19-уми июл ду дастаи беҳтарин дар финал вомехӯранд.

Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи "ЕКА Arena"-и шаҳри Аҳмадобод соати 19:30 бо вақти Душанбе баргузор мешаванд.

Иштирок дар мусобиқаи "Hero Interсontinental Cup 2019" барои мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Тими Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ ва Сурия қувваозмоӣ мекунад 

Лентаи хабарҳо
0