Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими наврасони Арабистони Саудӣ ду бозии рафиқона мекунад

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана по футболу
Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 7 ва 9 августи соли равон дар шаҳри Таифи Арабистони Саудӣ бозиҳои рафиқонаи дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дастаи  мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон  барои доир кардани ду бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 имрӯз, 5 август ба шаҳри Таиф сафар кард.

Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба финали мусобиқаи “Hero Interсontinental Cup 2019” роҳ ёфт

Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳои мазкур байни ин  дастаҳо  7 ва 9 август баргузор мешаванд.  

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи  мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ чанде қабл ғолиби Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардида буд, ки 1-11 июли соли 2019  дар Урдун баргузор шуда буд.

Дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Душанбе ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)- 2019 шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи  футболи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои  мунтахаби наврасони  Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ 14-22 сентябри соли равон  дар Урдун баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0