08:19 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Хабиб Нурмагомедов

Дигар нест: Ҳабиб Нурмуҳаммадов номи рақиби навбатиашро гуфт

© AP / Denis Tyrin
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
953 0 0

Размикори номдори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, намехоҳад вазнашро зиёд кунад. Ӯ қасд дорад дар ҳамин вазни худ қаҳрамони ҷаҳон бошад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехтаи UFC дар вазни сабук , варзишкори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов исми рақиби навбатиашро эълон кард, хабар медиҳад нашриёти Netcast Zone.

Ба гуфти Нурмуҳаммадов рақиби навбатии ӯ дар октагон бояд варзишкори амрикоӣ Тони Фергюсон шавад.

"Дигар рақиб нест. Рақиби навбатиям Тони Фергюсон хоҳад шуд. Тони сазовор аст, мо бояд биҷангем", - гуфт варзишкори русиягӣ.

Размикори номдори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, намехоҳад вазнашро зиёд кунад. Ӯ қасд дорад дар ҳамин вазни худ қаҳрамони ҷаҳон бошад.

"Ман мехоҳам унвони худро дар ҳамин вазни сабук ҳимоя кунам ва беҳтарин варзишкор дар таърихи размикорони ҷаҳон шавам", - қайд кард Ҳабиб.

Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Назан, дар замин хобону шикан: Нурмуҳаммадов гуфт, модараш ба ӯ чӣ маслиҳат медиҳад

Дар мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия варзишкор гуфт, 80 дарсад бовар дорад, ки рақобати навбатӣ дар Русия баргузор мешавад.

Аз тилло гаронтар : "футболка" - и рақобати Ҳабиб ва Пуареро 100 ҳазор доллар фурӯхтанд

Бояд гуфт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар фаъолияти варзишиаш 28 бор ба майдон баромада ва пирӯз шудааст.

Мавзуъ

Тақдими ҷомаи зардӯзӣ ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов - видео
Президенти UFC рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро эълон кард
Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд
Ҳабиб гуфт, кай дар Узбакистон муҳорибаҳои UFC баргузор мешавад
Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба хотири иштирок дар мусобиқа озими Тошканд мешавад
Барчаспҳо:
рақиб, рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ