06:06 06 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
321 0 0

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дирӯз дар "Кохи Наврӯз" бо футболбозони навраси тоҷик дидору мулоқот намуда, ба онҳо барои пирӯз шудан дар Қаҳрамонии ҷаҳон - 2019, ки дар Бразилия баргузор мешавад, муваффақият таманно кард

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 17- сола  субҳи имрӯз тариқи хатсайри Душанбе – Истамбул ба шаҳри Сан-Паулуи кишвари Бразилия парвоз намуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати ниҳоии мунтахаби наврасони кишвар барои иштирок дар Қаҳрамонии  ҷаҳон-2019, 21 футболбоз аз ҷумлаи 3 – дарвозабон, 6 – дифоъгар, 7 – ниммуҳофизатгар ва 5 – ҳамлавар шомил шуданд.

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, мунтахаби наврасони тоҷик дар гурӯҳи "Е" бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон Аргентина, Аргентина Испания ва Камерун неру месанҷанд.

Шикаст: мунтахаби Ҷопон тими миллии Тоҷикистонро мағлуб кард

Нахустин бозии мунтахаби футболбозони тоҷик санаи 28-уми октябр бо тими мунтахаби Камерун баргузор мегардад. Дар даври дуюм рӯзи 31-уми октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов бо мунтахаби Испания вориди майдон мешаванд.

Дар бозии ниҳоии хеш наврасони то 17 солаи тоҷик санаи 3-юми ноябр бо ҳамтоёни худ аз кишвари Аргентина вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Ҳамаи бозиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Estаdio Klеber Andrade"-и шаҳри Кариасика доир мешаванд.

Ба даври 1/8 ниҳоии ҶҶ-2019 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва инчунин чор дастаи дигаре, ки аз дигарон натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд.

Барчаспҳо:
Бразилия, Эмомалӣ Раҳмон, футбол, мунтахаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ