21:02 30 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозии худро бо тими миллии АМА дар Дубай баргузор нахоҳад кард, вохӯрӣ ба таъхир гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik.  Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода,  гуфт, бозӣ ба вақти дигар гузошта шуд.

Рақобати Тоҷикистон бо тими Аморати муттаҳидаи Араб мебоичт 6 сентябр дар Варзишгоҳи маркагии Душанбе доир шавад.

Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи футболи АМА аз Федератсияи футболи Тоҷикистон дархост кардааст, ки бозии дӯстона аз 6 сентябр то октябр ё ноябрро ба таъхир андохта шавад.

Ҳаминтавр ба ҷои ду бозии дӯстона, ки ба нақша гирифта шудааст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи сентябр танҳо як дидор хоҳад кард. 3 сентябр тими миллии кишвар  дар Тошканд бо тими миллии Ӯзбекистон бозӣ хоҳад кард.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин бозии байналмилалӣ нест, ки бо мувофиқаи тарафҳо бо сабаби пандемияи коронавирус ва хатари эҳтимолии он ба таърихи дертар мавқуф гузошта мешавад.

Ҳамин тавр, қаблан бозиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон - 2022 бар зидди Муғулистон, Ҷопон ва Мянма, ки моҳи октябр ва ноябри соли равон таъин шуда буданд, низ бо қарори FIFA ва AFC  ба соли 2021 мавқуф гузошта шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ