01:53 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
848 0 0

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Хабиб Нурмуҳаммадов гуфт, танҳо чанд варзишкори боқувваттарини ҷаҳон қодиранд, камарбанди қаҳрамониашро аз худ кунанд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Варзишкори номии русиягӣ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов варзишкоронеро ном бурд, ки қодиранд, камарбанди қаҳрамониашро аз худ кунанд.

Ба гуфти ӯ, се варзишкор метавонад ин корро анҷом диҳад: варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор, Дастин Пореи амрикоӣ ва варзишкори русиягӣ Ислом Махачев. Ҳар сеи ин варзишкорон дар вазни сабук дар UFC беҳтаринанд.

Дар баробари ин Нурмуҳаммадов гуфт, кадоме аз миёни ин се варзишкор барои қаҳрамон шудан, бештар шонс дорад.

"Ман фикр мекунам, ғолиби рақобати Дастин Поре ва Конор Макгрегор метавонад барои камарбанди қаҳрамонӣ рақобат кунад. Вале бар зидди кӣ ин саволи мушкил аст", - гуфт Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар суҳбат бо шабакаи "МатчТВ".

Ҳамчунин Ҳабиб дар бораи вохӯрии дарпешистода бо раҳбари UFC Дана Уайт хабар дод. Ба гуфтаи варзишкор, онҳо бояд бисёр масъалаҳоро баррасӣ кунанд.

Қаҳрамони феълӣ ҳамчунин аз талошҳои роҳбарияти UFC дар мавриди баргардондани ӯ ҳарф зад. Ӯ гуфт, UFC ҳоло барои бозпас овардани ӯ маблағи ҳангуфт ва рақибони ҳархеларо пешниҳод мекунанд, вале ӯро ба ҳайрат овардан душвор аст.

Ҳабиб аз талошҳои UFC барои баргардондани ӯ гуфт: "маро ба ҳайрат овардан душвор аст"

Ёдовар мешавем, размикори доғистонӣ моҳи октябр Ҷастин Гетҷеи амрикоиро шикаст дода, камарбанди қаҳрамонии худро ҳимоя кард ва пас аз он истеъфояшро аз варзиш эълом кард. Вале баъдтар, роҳбари UFC Дана Уайт борҳо дар бораи эҳтимоли бозгашти Нурмуҳаммадов суҳбат мекард.

Барчаспҳо:
пешбинӣ, қаҳрамони UFC, Русия, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ