12:01 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

Бошгоҳи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе тими нав дар риштаи футзалро ташкил карда, сармураббии онро таъйин намудаааст

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, роҳбарияти "Истиқлол" номзадии Эраҷ Носеҳовро ба ҳайси сармураббии дастаи футзал тасдиқ кардааст.

"Бо қарори роҳбарияти клуб номзадии собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва собиқ сармураббии дастаи футзали "Муҳоҷир" Эраҷ Носеҳов ба ин вазифа тасдиқ карда шуд",-афзудааст манбаъ.

"Рости гап, ман дар бораи пешниҳоди роҳбарии дастаи футзали "Истиқлол" фикр намекардам. Ман ба роҳбарияти клуб барои боварӣ ташаккур мегӯям, барои ман ин хеле шараф ва масъулият аст. Мо сахт меҳнат хоҳем кард, роҳи душвори душвор аст",- гуфтааст сармураббии навтаъйин.

Ба гуфти Эраҷ Носеҳов, даста тақрибан 80% бо кадрҳо таъмин буда, интихоби бозигарони эҳтимолӣ идома дорад.

Роҳбари бошгоҳи футболи "Истиқлол", Ҷаҳонгир Ҷалилов ба хабарнигорон гуфт, ки собиқ бозигари тими миллии Тоҷикистон Фирӯз Юсуфзода, ёвари Эраҷ Носеҳов ва Комрон Шодиев менеҷери даста таъйин шуданд.

Тими "Истиқлол" аввалин клубе дар Тоҷикистон аст, ки ҳам дар футболи калон ва ҳам футзал намояндагии худро дорад.

Барчаспҳо:
футзал, варзиш, Футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ