11:15 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Рухшона Шарипова

Духтари суғдӣ дар озмуни беҳтарин лабханди ҷаҳон ширкат мекунад

© Сайт международного проекта "Улыбка Вселенной"
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
17501

Сокини шаҳри Хуҷанд,Рухшона Шарипова ба даври чорякниҳоии Озмуни байнулмилалии зеботарин лабханди ҷаҳон-"Smile of Universe" ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Рухшона Шариповаи 24-сола дар Озмуни зеботарин лабханди ҷаҳон ширкат мекунад. Дар ин бора дар торномаи баргузоркунандагони озмун хабар дода мешавад.

Дар айни замон даври овоздиҳӣ идома дорад ва дар хулосаи он панҷ иштирокчӣ ба даври ниҳоӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Соли гузашта намояндаи Тоҷикистон Садорат Маматқулова ба даҳгонаи иштирокчиёни Озмуни зеботарин лабханди ҷаҳон ворид шуд. Вай барандаи ҷоизаи Раиси ҳайъати доварони озмун гардид.

Садорат Мамадқулова Зеботарин чеҳраи ҷаҳон - 2017
© Фото : Из личного архива Садорат Маматкуловой

Озмуни байналмилалии "Лабханди ҷаҳон" озмуне иҷтимоъӣ аст, ки дар он хонумҳое метавонанд ширкат кунанд, ки 18 ва бештар сол дошта бошад. Қаду қомату вазну вазъи хонаводагии бонувон муҳим нест.

Барандагони ин озмун на танҳо диплому ҷоиза, балки пешниҳоди ширкат дар тарҳҳои иҷтимоъиро низ дарёфт мекунанд. Ҷоизаи аслии ин озмун 2 ҳазор дулори амрикоӣ аст, ки ба дорандаи зеботарин лабханд тақдим мешавад.

Ин озмун моҳи майи соли равон оғоз шуд. Он аз се давра — чорякфинал, нимниҳоӣ ва ниҳоӣ иборат аст.ҳимтарин меъёр дар ин озмун доштани назари мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо аст.

Мавзуъ

Садорат Мамадқулова ба давраи ниҳоии озмуни ҷаҳонии "Зеботарин лабханди ҷаҳон" роҳ ёфт
Гуле аз Гулистон барои унвони "зеботарин лабханди ҷаҳон" мубориза мебарад
Барчаспҳо:
Озмуни зеботарин лабханди ҷаҳон, Рухшона Шарипова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ