Ин гузаргоҳи марзӣ тайи чор соли ахир ба таври доимӣ амал мекард, аммо бо пешниҳоди Чин реҷаи фаъолияти зимистонаи он ба роҳ гузошта мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, нақлиётчиён барои интиқоли молу коло аз роҳи Қулма тавасути Мурғоб, Хоруғу Кӯлоб истифода мебаранд. Интиқоли молу коло бо роҳи дароз таъсири худро ба арзиши маҳсулоти воридшаванда мегузорад.
Дар ҳоли ҳозир роҳи дигар тариқи Хоруғ-Ишкошим-Тусқул мавриди истифода аст, аммо масофаи ин ҷодда аз шоҳроҳи Хоруғ- Қулма 124 километр бештар аст.