Ширкатҳои чинӣ омодаанд дар Қирғизистон чанд нерӯгоҳи барқӣ бунёд намоянд. Сармоягузорон маболиғи сарфшудаашонро мехоҳанд, бо содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Чин бозгардонанд.
Чанде қабл дар Қирғизистон баргузории тендери таҷдид ва тармими роҳҳо моҷароро ба вуҷудо овард. Вазири нақлиёт ва алоқа муовинаш ва атрофиёни сарвазирро дар тақаллубкорӣ муттаҳам донист. Комиссияи муваққатии парлумонӣ қарор дод, ба Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) пешниҳод кунад, то нобоварии худро ба девони вазирон изҳор намояд.
Прокуратураи генералӣ вазифадор шудаст, то 20 апрел ба парлумони кишвар ҳама гуна маълумоти заруриро дар бораи масъалаи додани пойгоҳи низомӣ-радарии Кербен ба Узбакистон, ки дар кӯҳи Унгар-Тоои ноҳияи Аксийи вилояти Ҷалолобод ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
“185 миллион доллар аз ин маблағро ҳукумати Чин барои 20 сол бо ду дарсади солона медиҳад ва 11 миллиони дигарашро – “Эксимбонк”-и Чин барои 25 сол ва бо 1,5 дарсади солона.