Райисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷӯҳи вазирони умури хориҷаи давлатҳои узви СПАД-ро ба масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадот ва мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ифротгароӣ, инчунин пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасон ҷалб кард.
Шаш нафар аз сарони вазоратхонаҳои хориҷии кишварҳои аъзои СПАД – Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – равишҳои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо ба амнияти миллии кишварҳои аъзои созмонро баррасӣ мекунанд.