16:47 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Бомбаандози навъи Ту-95 МС. Акс аз бойгонӣ

Ҳузури бомбаандози Ту-95 дар машқҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон

© Sputnik / Антон Денисов
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)
5310

Ҷангандаҳои ҳавоӣ аз пойгоҳи ҳарбии Энгелси вилояти Саратов парвоз карда, 11 соат дар ҳаво қарор мегиранд. Халабонон тарзи гирифтани маълумотро аз нуқтаҳои назоратӣ, ки дар ноҳияҳои омӯзишӣ назорат карда мешавад, иҷро менамоянд.

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Экипажи бомбапартои Ту-95 дар доираи омӯзиши муштараки Русия ва Тоҷикистон машқҳои низомӣ анҷом медиҳад, иттилоъ дод ёвари фармондеҳи ОҲМ Ярослав Рошупкин.

"Имрӯз экипажи ҷангандаи Ту-95 дар доираи омӯзиши муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки  марҳилаи асосии он  рӯзи душанбе шурӯъ шуда буд, ба тамрингоҳи минтақаҳои кӯҳие, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгиранд, парвоз анҷом медиҳад. Халабонон  тарзи гирифтани маълумотро аз нуқтаҳои назоратӣ, ки дар ноҳияҳои омӯзишӣ назорат карда мегавад, иҷро менамоянд",-гуфт Рошупкин.

Ба қавли ӯ, бомбаандози Ту-95 азпойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии Энгелси вилояти  Саратов парвоз карда, наздики 8 ҳазор км-ро дар фазои  Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар муддати 11 соат тай менамояд.

Дар омӯзиш мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи марказии Ҳарбии Русия, зиреҳпӯшу тӯпҳо, воҳидҳои вижа, инчунин гурӯҳҳои десантии ҳавоӣ ширкат хоҳанд кард.

 

Мавзуҳо:
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)
Барчаспҳо:
ҳавопаймоҳо, пойгоҳҳои низомӣ, машқҳои таълимӣ, тамринот, ҳавопаймоҳои ҷангии ФР, боимбаандоз, Округи ҳарбии марказии Русия, Ярослав Рошупкин, вилояти Саратови Русия, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ