09:13 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
434 0 0

Тоҷикистон вуруди ронандагони хориҷиро ба кишвар, ба хотири ҷилавгирӣ аз маризии коронавирус мамнуъ эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Тоҷикистон ҳамакнун барои пешгирӣ аз маризии сироятии аз вуруди ронандагони хориҷӣ ба қаламрави кишвар пешгирӣ  мекунад.

Ин иттилоъ аз сӯйи Сервиси матбуотии иттиҳодияи байналмилаллии ҳамлу нақл ҷодаи "ИРУ" бо истинод ба баёнияи вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар ихтиёри хабарнигорон қарор гирифт.

Маризон аз Маскав омаданд: сафи мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 104 нафар расид

Бинобарин хабар, колоҳои воридотӣ дар нуқтаҳои марзӣ тахлия мешавад ва ширкатҳои маҳалӣ ҳам колоҳоро ба мақсадҳои дохили кишвар ҳамл мекунанд.

Қобили зикр аст. ки чунин маҳдудият ба ронандагони хориҷӣ ба ҷузъ аз Тоҷикистон дар кишварҳо низ роҳандозӣ шудааст.

Ҳамаи ин тадобир ба хотири пешгирӣ намудан аз маризии сироятии коронавирус ба назар  гирифта мешавад.

Тоҷикистон феълан ягона давлат аз миқёси кишваҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад, ки аз маризии коронавирус дар амон мондааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
нақлиёт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ