00:06 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
384 0 0

Соли гузашта нархи бензин ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба далели баланд шудани қимати он то 26 % дар Русия боло рафт

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Абдулмаҷид Мӯъминзод дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2020 дар Тоҷикистон танҳо нархи бензин боло рафта буд.

Ба гуфти Муъминзода, тағйирот дар бозор ба дигар навъи сӯзишворӣ таъсир накард.

Дар мавриди болоравии нархи бензин, ин ҳам ба он вобаста аст, ки дар Русия ҳамчун таъминкунандаи асосии ин навъи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, нархҳо то 26% афзудаанд.

Дар баробари ин тағйироти нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ низ ба нархи бензин бетаъсир намонд.

"Дар бораи тарифҳои нав дар бозор, то кунун аз ҷониби Ҳукумат ягон дастур нашудааст", - изҳор дошт Муъминзод.

Ӯ афзуд, ки ба зудӣ нархи ҳама гуна сӯзишворӣ дар бозор муайян мешавад.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ қайд кард, ки имрӯз дар бозори сӯзишвории дизелӣ дар кишвар 22 ширкат фаъолият мекунад ва тақрибан 20 ширкат дар интиқоли бензин дар кишвар машғуланд.

Ширкати бузургтарини ин бахш "Газпромнефт" -и Русия аст, ки қариб 32% тамоми бозори сӯзишвории Тоҷикистонро фаро мегирад.

Дар мавриди ҷаримаҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар соли 2020, ки нархҳоро беасос баланд кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 300 ҳазор зиёд аст.

Тоҷикистон чӣ қадар кони нафту тилло дорад? шарҳи мақомот

Дар маҷмӯъ, дар соли 2020 ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ (966 ҳазор доллар) ҷарима муайян карда шудааст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, болоравӣ, нарх, сӯзишворӣ, сӯзишворӣ, бензин

Мавзӯъҳои асосӣ