21:18 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Рақси Доналд Трамп бо шамшер дар Арабистони Саудӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
33602
© RUPTLY.

Рақси Доналд Трамп яке аз қисмҳои сафари расмии раисҷумҳури Амрико гардид

Трамп якҷоя бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулазиз Ассауд бо шамшер рақс кард.

Бояд қайд кард, ки рақс бо шамшер аввалин сафари Доналд Трампро ғайриоддӣ гардонид.

Дар аввали рақс зери садои нақора матни суруд такрор мешавад.  Пас аз ин ҳамаи иштирокчиён шамшери худро ба боло мебардоранд, ки нишонаи хурсандӣ ва ифтихор аст. Ин намуди рақси арабӣ бештар қисме аз чорабиниҳои расмӣ дар Арабистони Саудӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аввалин сафари хориҷии Доналд Трамп дар ҳошияи Нишасти сарони кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ бо иштироки раисҷумҳури ИМА баргузор гашт.

Нахустин нишасти сарони кишварҳои арабиву мусулмонӣ ва Амрико 21 — 22 май дар пойтахти подшоҳии Арабистони Саудӣ — шаҳри Риёз, баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш сарони 55 кишвар ҳамзамон се нишаст — яке нишасти Арабистони Саудӣ ва Амрико, дигаре Шурои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс ва севум нишасти Амрико ва кишварҳои мусулмониро баргузор карданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин намояндагони Созмони ҳамкориҳои исломӣ, дабири кулли СММ, Маҷмаъи кишварҳои арабӣ, Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии халиҷи Форс ширкат доштанд.
Барчаспҳо:
рақс, сафари расмӣ, Доналд Трамп, Арабистони Саудӣ

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ