02:52 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Нуқоти муҳими ҳабси Отамбоев дар 1,5 дақиқа - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
798 0 0

Қазияи пурраи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон аз замони ҳамла ба бошишгоҳаш ва то имрӯзро дар навори зайл тамошо кунед

Феълан додгоҳи Қирғизистон ҳабси собиқ раисҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоевро қонунӣ донистаст.

Алмосбек Отамбоевро  8 - уми август дар рӯзи дуюми ҳамла ба бошишгоҳаш дастгир гардид.

Дар натиҷаи задухӯрди шадид миёни низомиёни воҳидҳои таъиноти махсус ва ҷонибдорони Отамбоев дасти кам як нафар ҷони худро аз даст дода беш аз 100 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Додгоҳ мӯҳлати ҳабси Отамбоевро то охири моҳи октябр тамдид кард

Пас аз он ки Отамбоев ба мақомоти амниятӣ таслим шуд ӯро ба боздоштгоҳи КДАМ Қирғизистон оварданд ва феълан дар ҳамин боздоштгоҳ қарор дорад.

Алайҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон тибқи якчанд моддаҳои ҷиноятӣ, парванда боз гардид ва наздики 135 объектҳое, ки ба Отамбоев тааллуқ доранд дар ҳабс ҳастанд.

Барчаспҳо:
Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ