03:25 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Шаби рақобати Ҳабиб дар Душанбе чӣ гузашт? - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
2808 0 0

Пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро сокинони Душанбе якҷо қайд карданд

Шаби гузшта мардуми шаҳри Душанбе чун дигар шаҳрҳои Тоҷикистон хоб надоштанд. Ҳамаи мардони душанбегӣ рақобати варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои амрикоияш Дастин Пуареро тамошо карданд.

Шукри Худо: ҳайрат, хайр ва ҳурмати Ҳабиб Нурмуҳаммедов баъди сабқат бо Пуаре-видеоҳо

Албатта,  Тоҷикистон дар ин рақобат тарафдори Ҳабиб буд, чун борҳо Ҳабиб нисбати мардуми тоҷик суханҳои баланд гуфтааст.

Рақобат ними шаб анҷом ёфт. Он замон дар Душанбе соат тақрибан 2-и шаб буд, вале мардуми Душанбе ҳамоно бедор буданд.

Садҳо ҷавони тоҷик ба кӯчаҳо баромаданд, то пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро якҷо қайд кунанд.

Навори комили қувваозмоии Ҳабиб ва Дастин Пуаре

Душанбегиҳо ҳамдигарро ба оғӯш мегирифтанд, садо мекарданд.

Аз навор дида мешавад, ки мардуми Душанбе дар роҳи мошингард баромада миёни мошинҳои равон роҳпаймоӣ мекунанд.

Садҳо мардони Душанбе бо овоз додани Ҳабиб, пирӯзиашро қайд мекарданд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@khabib_nurmagomedov 🦅✊ 28-0 #dushanbe #tajikistan 🇹🇯

Публикация от ᴍᴀɴᴜᴄʜᴇʜʀɪ ᴅᴀᴠʟᴀᴛ🇹🇯 (@manuchehri_davlat)

Акси Ҳабиб бо парчами Тоҷикистон: мухлисони тоҷик ба пирӯзии ӯ бовар доранд

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.

Пеш аз рақобат Ҳабиб Нурмуҳаммадов мухлисони тоҷикашро шод кард. Ӯ миёни дӯстон дар даст парчами Тоҷикистон аксбардорӣ карда буд.

Мавзуъ

Макгрегор хостори сабқат бо Нурмуҳаммедов шуд: Ҳабиб мехоҳад "девонагӣ"-ҳоро фаромӯш кунад
Акси Ҳабиб бо парчами Тоҷикистон: мухлисони тоҷик ба пирӯзии ӯ бовар доранд
Навори комили қувваозмоии Ҳабиб ва Дастин Пуаре
Ҳабиб Нурмуҳаммадов тавонист Даниэл Кормеро ба замин хобонад- навор
Набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо падараш-видео
Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Нейт Диас қариб дастбагиребон мешуданд - видео
“Сағера, бги дега”: суҳбати Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо забони тоҷикӣ - видео
Барчаспҳо:
рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Душанбе, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ