Рақси чакани ансамбли "Падида" доваронро шигифтзада кард - видео

Обуна шудан
Ансамбли "Падида" дар озмуни Central Asia Got Talent бо рақси зебои чакан доварон ва тамошобинонро тасхир карданд

Ансамбли "Падида" дар даври нимниҳоии озмуни Central Asia Got Talent бо рақси чакан ҳунарнамоӣ карданд.

Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон
Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Ба гуфти гулдухтарон пироҳанҳои ба бар намудаи онҳо махсус барои даври нимниҳоии озмун омода шуда, пойафзолашонро аз Тошканд фармоиш додаанд.

Собиқ милиса Урунов дар озмуни Central Asia Got Talent ҳамаро бардошт - видео

Ҳар як гули рӯи чакан гулдӯзии дастӣ буда, нархаш низ арзон нест.

Ансамбли "Падида" дар даври нимниҳоии Central Asia Got Talent рӯи саҳна базм орост. 

Доварон аз тамошои рақси ҳунармандони тоҷик ба ваҷд омаданд. Барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтани ансамбл дасгирии ҳаводорон лозим аст.

Барои дастгирии ансамбл бояд 03-ро ба рақами 5021 равон кард.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Central Asia Got Talent - озмуни байналмилаллиест, ки дар беш аз 70 кишвари дунё баргузор шудааст. Ин бор ин озмуни бонуфуз дар чор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунар меҷӯяд.

Очередь у входа на кастинг Central Asia's Got Talent - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷанг” бас: Алия, донандаи 8-солаи 5 забон суруди “Ҳалилуяҳ” хонд-видео

Дар ин озмун ҳар нафаре, ки истеъдоди фавқуллода ё ҳунаре бартар аз дигаронро дорад, метавонад ширкат кунад. 

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain’s Got Talent роҳандозӣ мешавад.

Мақоми аввали Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Bob Music Awаrds 2019"

Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин - сарояндаи қазоқистонӣ, ровии телевизион, соҳибкор, Ситора Фармонова - ҳунарпешаи кино, ҳофиза ва ширинкори узбекистонӣ, Гулнур Сатилганова -сарояндаи қирғиз, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Аловуддин Абдуллоев - ҳунарпешаи тоҷик, режиссёри филми мустанад, ҳунарманди театр дохил шуданд.

Ҷоизаи асосии озмуни Central Asia Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0