22 - сола: роҳи Чоршанбе ба сӯи пирӯзӣ дар Central Asia Got Talent - видео

Обуна шудан
Чоршанбе Аловатов овозхони ҷавони тоҷик ва ғолиби озмуни байнамилалии "Central Asia Got Talent - 2019" имрӯз, 7 феврал 22 сола мешавад

Дар Youtube наворе ҷадиде нашр шудааст, ки роҳи Чоршанберо аз даври аввали озмун то пирӯзӣ дар бар мегирад.

Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад.

Ӯ 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст.

Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон
"Кумак ба беморон": Аловатов гуфт, ҷоизаашро барои чӣ коре ҳазина мекунад

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад.

То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар сайёҳат кунад.

Аз ин рӯ айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.

Пирӯзӣ дар Central Asia Got Talent

Чоршанбе Аловатов миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia Got Talent дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ғолиби асосӣ дониста шуд. 

Чоршанбе Аловатов, ки барандаи 26 ҳазор доллари амрикоӣ шуд, гуфт ҷоизаашро дар роҳи хайр ҳазина хоҳад кард.

Аловатов суруди шодравон Муборакшоро хонд ва доваронро шигифтзада кард - навор

"Албатта, ман ба истеъдоди худ бовар дорам, вале ин ҷо гап сари овоздиҳӣ мерафт ва ман боварӣ надоштам, ки мардуми Осиёи Марказӣ маро инқадар дастгирӣ мекунанд. Фикр мекунам, дуои ҳамон беморон барои пирӯз шудани ман қувваи бештар дод", - гуфт Чоршанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Аз "Овози тиллоӣ" то "Bob Music Awаrds 2019" ва "Central Asia Got Talent"

Нахустин бор Аловатов соли 2011 дар озмуни "Овози тиллоӣ", дар жанри фалак ширкат карду соҳиби мақоми аввал шуд.Соли 2014 дар озмуни "Шукуфаҳои пойтахт" низ суруде дар жанри фалак иҷро кард ва мақоми аввалро аз худ намуд. 

Соли 2017 дар озмуни "Парвин" ҳунарнамоӣ карду боз соҳиби ҷоизаи асосии озмуни овозхонӣ гардид.

Имсол Чоршанбе аллакай услуби худро ёфта, дар жанри фюжен баромад кард ва дар озмуни  "Bob Music Awаrds 2019", ки даври ниҳоии он рӯзи 28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар бахши "Беҳтарин овоз" мақоми аввалро соҳиб шуд.

Лентаи хабарҳо
0