19:54 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Видео

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0
© Sputnik

Саҳми бузурги Тоҷикистон дар пешрафти ғалаба на танкҳое, ки ба ёдгор монданд, балки деворҳои бемористонҳои эвакуатсионӣ, ки ёдгории зиндае аз фидокориҳои халқи тоҷик ба шумор мераванд

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони Тоҷикистон дар роҳи ғалаба саҳми бузург гузоштаанд. Дар байни онҳо на танҳо низомиён буданд, балки онҳое, ки кор мекарданд ва барои кӯмак ба сарбозони майдони ҷанг ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд.

Боз як саҳифаи қаҳрамононаи ҷумҳурӣ кори табибон ва ихтиёриён аст. Тоҷикистон воқеан хонаи дуввум барои даҳҳо ҳазор нафар аз муҳосирашудагони Ленинград, Маскав, Киев, Минск ва бисёр шаҳру деҳоти минтақаҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буд.

Ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба, Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷароҳатҳо, эвакуатсия ва муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти пешакӣ омода кард.

Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ-ро табрик кард: мо онҳоро фаромӯш нахоҳем кард

То соли 1942 дар Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ кушода шуд. Аксарияти онҳо дар Душанбе буданд, ҳамчунин дар Хуҷанд, Конибодом, Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ бемористонҳо буданд.

Азбаски Тоҷикистон аз маҳали ҷанг дур буд, ба он ҷо аскарони ҷароҳати вазнин бардоштаро меоварданд. Онҳоро тавассути қаторҳои ёрии таъҷилӣ мерасониданд ва табибон дар он ҷо ҳолати онҳоро арзёбӣ карда ба бемористони махсус интиқол медоданд.

Ҳар як муассисаи тиббӣ тахасуси худро дошт: ҷарроҳии умумӣ, барои ҷароҳатҳои вазнин ва ҷароҳатбахшҳои неврологӣ, протезӣ ва ортопедӣ.

Аз сабаби набудани бинои тиббӣ, одамон бояд на танҳо дар беморхонаҳо, балки дар биноҳои маъмурӣ, мактабҳо, донишкадаҳо ҷойгир карда мешуданд. Ба ташкилотҳои хайриявӣ, ки ҷойгоҳҳо, катҳо, рӯйпӯшҳо, лавозимоти хоб ва асбобу анҷоми рӯзгорро таъмин мекарданд, кӯмак расонида мешуд.

Аксари маҷрӯҳон ба беморхонаҳо дар соли 1942 омада буданд. Инҳо муҳофизони Сталинград, Севастопол, Одесса ва Қафқоз буданд.

Табибон тавонистанд беш аз 50 ҳазор сарбози шӯравиро, ки тақрибан панҷ дивизияи пурраро ташкил мекарданд табобат кунанд. Тибқи омори солҳои ҷанг, ин рақам тақрибан 70% маҷрӯҳон ва 90% беморони ба ҷумҳурӣ овардашударо ташкил медиҳад.

Воқеан, кадрҳои нав барои эҳтиёҷоти беморхонаҳо дар маҳалҳо омода карда шуданд. Дар тӯли якуним сол, аз соли 1941 то 1942, ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯёнро аз донишгоҳҳоии тиббии Маскав, Ленинград, Киев, Одесса, ҳамагӣ 79 нафар интиқол доданд.

Русия ба Рӯзи ғалаба омодагӣ мебинад - акс

Табибоне, ки дар Тоҷикистон кор мекарданд, доруҳоеро ба соҳаи тибб пешниҳод карданд, ки имрӯз бомуваффақият дар дунё истифода мешаванд. Масалан, равғани арча - дар заминаи гиёҳҳои шифобахш, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон парвариш мешавад. Ин равған барои муолиҷаи беморони вазнин, ки сӯхтаҳои дараҷаи 1 ва 2 мебошанд, истифода мешуд.

Беморхонаҳои эвакуатсионӣ дар Тоҷикистон то аввали соли 1944 буданд. Вақте ки нерӯҳои шӯравӣ Украинаро озод карданд, як қисми госпиталҳо барои мустаҳкам намудани ёрии тиббӣ ба майдони ҷанг наздиктар карда шуданд. Якчанд постгоҳҳои тиббии дар Душанбе боқимонда ба беморхонаҳо табдил ёфтанд. Маъюбони ҷанг акнун дар он ҷо муолиҷа мешуданд.

Аскарон табобат шуда ба сафи пеш бармегаштанд. Онҳое, ки дигар аз сабаби саломатиашон ҷанг карда наметавонистанд касбҳои навро азхуд мекарданд. Дар аксар ҳолатҳо, онҳо барои кор ба фабрикаҳо мерафтанд.

Фарзандони сарбозони фронт дар лагерҳои кӯдакон ва хонаҳои истироҳатӣ ҷойгир карда мешуданд. Сокинони маҳаллӣ канор намонданд ва аксар вақт ятимонро ба оилаҳои худ мебурданд. Дар натиҷа, қариб 10 ҳазор кӯдакон дар хоки Тоҷикситон паноҳ ёфтанд ва як қисми кӯдакии худро дар он ҷое, ки аз даҳшати ҷанг дур буд, гузарониданд. Азбаски бисёриҳо аз он ҷо дигар ҷои баргаштан надоштанд дар ҷумҳурии меҳмондӯсти зиндагиашонро идома доданд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ