17:46 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Видео

Амрико аз ӯҳдаи сохти ваксина намебарояд ва дар бохташ Русияро айбдор мекунад - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (802)
312 0 0
© Ruptly . АФК "Система", завод "Биннофарм"

Амрико бар ин бовар аст, ки Русия, Эрон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар сохти ваксина алайҳи коронавирус ба онҳо монеагирӣ мекунанд

Уилям Эванина мудири Маркази миллии иктишофӣ ва бехатарии Амрико, ин се кишварро дар монеагузорӣ ба Амрико дар сохтани ваксина алайҳи коронавирус муттаҳам медонад.

Сиёсатмадори амрикоӣ аз он ҳарос дорад, ки вақте ин кишвар ваксина алайҳи коронавирусро истеҳсол мекунад, онро ба зудӣ медузданд.

Аммо Эванин аз ваксинаи сохти русӣ ёдовар ҳам нашуд, дар ҳоле, ки ин ваксин аллакай дар фурӯш аст ва шумораи зиёди одамон аз он истифода намуданд.

Зимнан, Уилям Эванин нагуфт, ки истеҳсоли ваксинаи сохти амрикоӣ дар кадом сатҳ қарор дорад.

Қирғизистон бо Русия барои воридоти ваксина алайҳи коронавирус гуфтушунид мекунад

Ёдовар мешавем, ваксинаи алайҳи коронавирус, ки Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, истеҳсол кард номи "Спутник V"- ро гирифт.

Ин ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалеи таҳия шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ваксина ду маротиба гузаронда мешавад ва ҳамин тавр одамон ба мӯҳлати ду сол алайҳи маризии сироятии коронавирус масуният пайдо мекунанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (802)
Барчаспҳо:
айбдор, навор, Русия, Амрико

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ